Муҳоҷирони экологӣ бо қарзи имтиёзнок ва кумаки моддӣ таъмин гаштанд
Душанбе, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавассути сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади таъмин намудани муҳоҷирони экологӣ бо қарзи имтиёзнок ва кумаки якдаъфаинаи моддӣ барои пардохт 541 ҳазору 100 сомонӣ интиқол дода шуд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, соли 2015 дар ҷумҳурӣ 481 оила ихтиёрӣ бояд кўчонида шавад.
Ба ҳолати 22 июни соли равон дар ҷумҳурӣ ба 313 оилаи муҳоҷири дохилӣ қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷудо гардида ва муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 65%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 125 оила, Суғд 73 оила ва НТҶ 115 оила.
Соли равон бояд 350 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф кўчонида шавад.
Ба ҳолати 1 июли соли 2015 аз шумораи умумии 350 хоҷагӣ 170 адад, аз ҷумла 12 хоҷагӣ аз ВМКБ, 30 хоҷагӣ вилояти Суғд, 107 хоҷагӣ аз вилояти Хатлон ва 21 хоҷагӣ аз НТҶ кўчонида шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






