Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони ВМКБ
Душанбе, 04.07. 2015. (АМИТ “Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дирӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони фаъоли ВМКБ мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то ҷавонон-ин неруи созандаву бунёдкори ҷомеа тамоми қувваю тавоноии худро барои созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созанд.
Тавре ки қаблан хабар додем, дар давраи дуюми чорабинии «Меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон» 22 ҷавон аз табақаҳои гуногуни ВМКБ, ки дар давоми 3 рӯз меҳмони сокинони вилояти Суғд буданд, ба Душанбе баргаштанд.
Солеҳ Чоршанбиев, директори Муассисаи давлатии маркази ҷавонони ВМКБ зимни мулоқот андешаҳояшро чунин иброз дошт:
Мо, 22 нафар ҷавонони ВМКБ тӯли се рӯз дар вилояти Суғд меҳмон будем. Моро дар вилояти Суғд хеле хуб пешвоз гирифтанд ва ҷавонони мо бо урфу одат, зиндагии ҷавонони суғдӣ, тарзи пухтани таомҳои миллӣ шинос шуданд. Мақсад аз ташкили ин гуна чорабиниҳо- пеш аз ҳама ривоҷ додани дӯстиву рафоқат, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои зишти ҷомеа, аз қабили нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошад. Ман аз тамоми ҷавонони Тоҷикистон даъват менамоям, ки мо имрӯз бояд аз як гиребон сар барорем, нагузорем, ки душман қадами номубораки хешро ба диёрамон гузорад, ҳар яки мо бояд марзу буми худро ҳифз кунем, чунки ин Ватан аз мо ҷавонон мебошад!.
Малика Хориҷнисоева, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ мегӯяд: Мо ҷавонони бадахшонӣ бениҳоят хушбахт аз он ҳастем, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, тавонистем бо зиндагии ҷавонони вилояти Суғд ошно гардем. Мо дар хонадони онҳо зиндагӣ мекардем ва оилаҳои суғдӣ моро чун фарзанди худ қабул карданд. Зимни сафар мо аз ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намудем.
Иштирокдори дигари барномаи «Меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон» А. Наврӯзов мегӯяд, ман дар ин сафар бо урфу одати мардуми вилояти Суғд шинос шудам, чунки ман бори аввал дар вилояти Су ғд будам. Мо дар он хонаводаҳо бештар дар бораи тиҷорату варзиш суҳбат намудем. Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, минатдории худро ба Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни мулоқот гуфт, ки дар давоми сол мо бояд 20 вохӯрии «Меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон»-ро баргузор намоем ва ин дуюмин вохӯрии ҷавонон буд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






