Мулоқоти Азим Иброҳим бо осебдидагони офати табиӣ

Июль 22, 2015 09:32

Шуғнон, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Рӯзи 22 июл тақсими замин ва оғози корҳои хонасозӣ дар  шаҳраки муваққатӣ барои сокинони осебдидаи  деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон дар ҳузури  муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим оғоз шуд.  Тибқи  нақшаи генералии  сохтмонӣ, дар баробари  бунёди хонаҳои истиқоматӣ, сохтмони  мағоза, мактаб, бунгоҳи тиббӣ  ва дигар муассисаҳои  зарурии хоҷагии халқ  дар  шаҳраки навбунёди мавзеи  Боғеви ҷамоати Сучон дар нақша гирифта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир  барои 70 зарардидаи ҳодисаи табиӣ  қитъаи замин барои бунёди хона ҷудо гардида, рақамгузорӣ шудааст. Тибқи супориши Азим Иброҳим  дар навбати аввал  18  муассисаву   корхонаи вилоятӣ ба  кашондани сангу хок шурӯъ  намуда,  ба корҳои сохтмонӣ  дар  ин мавзеъ  оғоз менамоянд.
Бо ташаббуси Ширкати «Помир-сервис» барои равшанкунии  хиёбони  шаҳраки навбунёд бо истифода аз  дастгоҳҳои  дизелӣ  неруи барқ  таъмин гардидааст. Сохтмони  хатти баландшиддати барқӣ  дар масофаи беш аз 240 метр аз деҳаи Боғев ба ин маҳал бо иқдоми Ширкати  барқии «Помирэнерҷӣ» низ ба роҳ монда шуда, тасмим аст, ки  аз шоми  рӯзи чоршанбе  сокинони маҳаллаи навбунёд  аз хизматрасонии  шабакаҳои барқии «Помирэнерҷӣ» истифода намоянд.
Ба хотири  муҳайё намудани ғизои гарм  бо иқдоми Созмони байналмилалии башардӯстонаи ФОКУС бунёди  ошхона  оғоз гардида, дар сохтмони он ризокорони ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон  саҳм доранд. Барои  таъмини  маводи доруворӣ ва дигар ниёзмандиҳои  вобаста ба   ҳифзи саломатӣ дар   шаҳраки муваққатӣ  ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар  ва Раёсати ҳифзи тандурустии вилоят  кумак мекунанд.

Июль 22, 2015 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд