Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикони муқими минтақаҳои Урал, Поволже ва Сибири Русия

Июль 8, 2015 15:36

Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуд.
Дар мулоқот бо Сарвари давлат беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Русия таҳсили илм мекунанд, иштирок намуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии нерӯҳои тахрибкори ба ном исломӣ ҳидоят намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи худ бо Владимир Путин иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат бо Президенти Русия мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар буд. Аз ҷумла мужда расонда шуд, ки шумораи квотаҳои Русия барои донишҷӯёни тоҷик пас аз ин мулоқот афзун хоҳад гардид.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиноятҳои ваҳшатноки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт: “ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ин гурӯҳ бо куштани ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолон ва занону кӯдакон беобрӯ кардани ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст”. Дар суханронӣ ҳамчунин таъкид гардид: “… ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки эктремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини ислом ягон робита ё умумияте надорад, зеро ислом дини сулҳу салоҳ ва ойини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия даъват намуд, ки дар пешгирӣ аз фирефта шудану гумроҳ гардидани ҷавонони тоҷик ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз доми тазвири тарғибгарони маккори ДИИШ фаъол бошанд. Таъкид гардид, ки ҳар як падару модар ва бародарону хоҳарон бояд аз рафтору кирдор ва ҳолатҳои руҳию равонии наздикону пайвандон, ҳамсабақон ва ҳамкасбону ҳамкорони худ бохабар бошанд ва монеъи гумроҳшавии нафарони ноогоҳ шаванд.
Бо қаноат зикр гардид, ки имрӯз дар ҳар минтақаву шаҳрҳои бузурги Русия марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд ва шумораи чунин иттиҳодияҳо ҳоло ба зиёда аз 80 расидааст.
Изҳори бовар карда шуд, ки тоҷикони муқими Русия тарғибгарони фаъоли арзишҳои волои таъриху фарҳанги бостонӣ ва ибратбахши миллати сарфарози тоҷик гардида, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо минтақаҳои гуногуни кишвари беканори Русия саҳми намоёну пурарзиш мегузоранд.
Пас аз анҷоми суханронӣ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия маҳфили озоду самимии пурсишу посух доир гардид.

Июль 8, 2015 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид