Мулоқоти Р. Раҳимзода бо роҳбари навтаъйини «ЗТИ Тоҷикистон»

Июль 4, 2015 05:03

Душанбе, 04.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо директори ҶДММ «ЗТИ Тоҷикистон» Жанг Жи ва роҳбари намояндагии Ширкати ZTE дар  Тоҷикистон Саъдӣ Самадов мулоқот намуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар вохӯрии мазкур роҳбари намояндагии Ширкати ZTE дар Тоҷикистон Саъдӣ Самадов директори навтаъйини ҶДММ «ЗТИ Тоҷикистон» Жанг Жиро ба вазири корҳои дохилӣ муаррифӣ намуд. Ҳадафи вохӯрӣ аз шиносоӣ ва баррасии  иқдомоти минбаъда дар самти ҳамкории дуҷониба иборат буд.

Июль 4, 2015 05:03

Хабарҳои дигари ин бахш