Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли СММ

Июль 28, 2015 14:29

 Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — 28 июли соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои башардӯстона хонум Кюнг-ва Канг баргузор гардид.

Зимни мулоқот тарафайн оид ба баргузории ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона (Истамбул 2016), ки ин рӯзҳо (28-30 июли соли ҷорӣ) дар Душанбе баргузор  шуда истодааст, табодули назар карданд.

Ҷонибҳо, инчунин дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаро таҳти баррасӣ қарор доданд.

Июль 28, 2015 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш