Муроҷиатнома ба Дабири кулли СММ ва роҳбарони кишварҳои узви гурўҳи «Тамос» оид ба муроҷиати ғайриқонунии роҳбарияти ҲНИТ

Июль 3, 2015 12:32

Ба Дабири кулли СММ ҷаноби Пан Ги Мун ва 
роҳбарони кишварҳои узви гурўҳи «Тамос»

Муроҷиатнома
оид ба муроҷиати ғайриқонунии роҳбарияти ҲНИТ нисбат ба  татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар»). —
Муҳтарам ҷанобон!
Баъди мутолиаи муроҷиати Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, мо як гурўҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим донистем, ки баъзе фикру андешаҳои хешро нисбати ин муроҷиатномаи ҳангомаҷўёна ба Шумо ирсол намоем.
Дар воқеъ, 18 сол пеш бо сарпарастони СММ ва дигар кишварҳои дуру наздики ҳамсоя мисли Руссия, Ирон, Қазоқистон, Афғонистон, Қирғизистон Туркманистон, Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расонида шуд, ки раванди ҷанги шаҳрвандиро хотима  бахшид.
Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро ба дўши худ гирифта, барои ба танзим даровардани вазъи ҷумҳурӣ кўшишу талошҳои зиёде ба анҷом расонид. Дар ин раванди сулҳофарӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, мардуми  Тоҷикистон, гурўҳҳои сиёсӣ ва намояндагони мухолифини тоҷикро берун аз кишвар  ба ҳам овард.
Аммо дар муддати 18 соли сипаригардида, агар аксари шаҳрвандони кишвар як тараф бошанд, ҲНИТ дар ҷониби дигар буд ва муборизаро алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда натавонист. Кўшишиҳои ҲНИТ то имрўз барои ғасби ҳокимият ҳеҷ ба анҷом нарасида истодаанд. Ҳол он ки «Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди нерўҳои мухолифи Тоҷикистон баста шуда буд, на байни ҲНИТ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз ин рў, Ҳизби назҳати ислом дар алоҳидагӣ ягон ҳаққу ҳуқуқи даъво нисбати ҷараёни татбиқи Созишномаи байни тоҷиконро надорад. 
Масъалаи 30 фоизаи тақсими  вазифаҳо низ танҳо то давраи муътадил гардидани вазъияти кишвар буд. Баъдан дар ҷумҳурӣ ислоҳоти конститутсионӣ сурат гирифт, парламенти дупалатагӣ ташкил шуд, ки минбаъд масъалаи мазкур тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда  шуданд. Ба замми ин, қисме аз намояндагони ҲНИТ ба монанди  Мирзо  Зиёев, Маҳмадрўзӣ  Искандаров ва муовини Ҳизби Наҳзати Ислом ба ташкили гурўҳҳои силоҳбадаст ва ғасби ҳокимият даст зада, бо яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ дастгир шуданд.
Дар баробари ин, дар муроҷиатнома баъзе фикрҳое матраҳ шудаанд, ки ягон асоси воқеӣ надоранд ва обрўву эътибори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст заданӣ мешаванд. Масалан, қайд гардидааст: «Дар сурате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҷустуҷў менамоянд, мақомоти давлатии Тоҷикистон, худ заминаи пайдоиш ва рушди ин падидаи манфиро дар кишвар ва минтақа ба вуҷуд овардааст». Бояд зикр намуд, ки мақомоти давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамударо қатъиян риоя намуда, ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамояд. Рафтори шахсони алоҳида, ки дар мақомот ва ё ягон ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ кору фаъолият намуда, ба ҳар гуна ҷинояту амалҳои номатлуб даст мезананд, асос шуда наметавонанд, ки бо ин восита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти давлатиро гунаҳкор ҳисобид. Зеро ҳар як шахс, қатъи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, мансаб, мансубияти ҳизбӣ, динӣ ва ғ. тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии инфиродӣ дорад.
Дар сурате, ки аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва мазҳабҳои гуногун ба роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон арзу шикояте перомуни масъалаи зикргардида нарасида бошад, бо кадом асос ҲНИТ масъулиятро ба дўши худ гирифта, аз номи онҳо ба Дабири кулли СММ муроҷиат менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон поквиҷдонона ўҳдадориҳоеро, ки ба зиммаи худ гирифтааст ва онҳо аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ бармеоянд иҷро намуда истодааст, аз ҷумла:
1)    Нисбати иштирокчиёни муқовимати мусаллаҳона чандин маротиба авфи умумӣ эълон карда шуд;

2)    Ҳарбиёни мухолифинро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намуд;

3)     Бо риояи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ба қайди давлатӣ гирифта шуд;

4)    Ҷумҳурии  Тоҷикистон соли 1998  ба  санадҳои байналмилалӣ  оид  ба  ҳуқуқи башар  ҳамроҳ  шудааст. (Паймони  байналмилалӣ  оид  ба  ҳуқуқҳои  шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони  байналмилалӣ   оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  ва  ғ.) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба  амалигардонии  ин  ҳуқуқҳо  мунтазам  ба  кумитаҳои марбутаи  СММ гузориш медиҳад.

5)    Барои  рушди  демократия ва ҷомеаи  шаҳрвандӣ  тамоми  шароитро  муҳаё сохт (ташкили  парлумони  думаҷлиса, ташкил ва гузаронидани интихоботҳои озод, шаффоф, демократӣ  ва  ғ.)
Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон – Кабирӣ баъди интихоботи парлумонии охир, ки ҳизбаш дар интихобот ба нокомӣ дучор шуда, ба парлумон роҳ наёфт, пайваста ба гилагузорӣ ва шикоятбарӣ аз болои мақомот дода шудааст. Дар тайи моҳҳои охир, ў ва дигар намояндагони раёсати ҲНИТ бамавқею бемавқеъ ба воситаҳои ахбори омма, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ арзу шикоят мебаранд, ки гўё раёсат ва намояндагони ҳизбашон дар маҳалҳо ба фишор рў ба рў шудаанд. Вале аз сабабҳо ва омилҳои бохташон дар интихобот чизе намегўянд, зеро медонанд, ки намояндагони байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо дар интихобот ҳозир буданд ва аз асли масъала огоҳанд. Ҳама ташкилотҳои байналмиллалӣ озод ва демократӣ гузаштани интихоботро тасдиқ карда буданд.
Раиси ҲНИТ – Кабирӣ ҳатто дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба шикояту иғвоангезӣ шурўъ намудааст. Яке аз намояндагони диаспораи тоҷикон – Муқим Майбалиев дар рўзномаҳои тоҷикӣ аз ў хоҳиш намудааст, ки ба масъалаҳои дохилии худ муҳоҷирони меҳнатиро ҷалб насозанд. Зеро муҳоҷирон худ мушқилоти зиёдтаре доранд. Ин мисол далолат бар он мекунад, ки узру шикоятбарии Кабириро дигар ҳама фаҳмидаанд. Номаи шикоятии охири Кабирӣ ба Дабири кулли СММ ҷаноби Пан Ги Мун ва кишварҳои узви гурўҳи «Тамос» идомаи ҳамин гилагузориҳо ва шикоятбариҳои ў ва дигар аъзоёни раёсати ин ҳизб мебошад. Ҳамин тариқ, онҳо поин рафтани обрў ва нуфузи сиёсии худ ва ҳизбашонро  рўпўш  намуда, дар он мақомот ва ҳокимияти давлатиро гунаҳгор карданӣ мешаванд. Ҳамзамон, дастовардҳои солҳои истиқлолиятро нодида гирифтан ва таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии миллати моро имрўз ноком хондан амали хирадмандона  нест.
Асоев Б.Д.
Қурбонов Б. С.
Шарипфов В.Б. – шаҳрвандони шаҳри Душанбе.

Июль 3, 2015 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад