Муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Файзобод ба Раёсати ҲНИТ

Июль 27, 2015 11:48

Душанбе, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз шукуфону ободтару зеботар гардида, натанҳо барои тоҷикистониён, балки барои тоҷикони тамоми олам мояи ифтихору сарбаландӣ гаштааст. Пойдории сулҳу Ваҳдат дар мамлакат, тинҷию оромӣ моро ба он дилпур месозад, ки кишвари биҳиштосои мо дар як муддати начандон тӯлонӣ ба қатори кишварҳои пешрафтаи олам ворид хоҳад гашт. Барои ин  ҳамаи  тоҷику тоҷикистониёнро зарур аст, ки аз як гироебон сар бароварда, зери парчами Тоҷикистон баҳри ба ҳадафҳои олие, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлатамон бармеоянд, садоқатмандона меҳнат намоем. 
 Дар баробари ин, имрӯз дар замони ҷаҳонишавии босуръат қувваҳое низ амал менамоянд, ки ба ваҳдату ягонагии миллат халал ворид намуда, фарзандони як оила, сокинони як маҳалро ба ҳизбу гурӯҳҳои гуногун талқин менамоянд ва дар ниҳояти кор монеи пешрафту субботу оромӣ мегарданд. Барои ҳеҷ кас пушида нест, ки 99 дарсади сокинони ҷумҳурӣ мусулмонанд ва аксарияти кулл  шомили як мазҳаб-мазҳаби ҳанафӣ буда, миёни ҳам ихтилофе надоранд. Аз гузаштагон дар давоми беш аз 1100 сол медонем, ки дар ислом ягон ҳизбе вуҷуд надошт ва мусалмононро мутаҳид намекард. Мутаассифона, солҳои охир   Ҳизби наҳзати ислом дар ҷумҳурӣ миёни мусулмонон як навъ ҷудоиандозиро ба амал оварда, пайравони як дину як мазҳабро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, боиси нигаронии тамоми мусулмонони кишвар гардидааст. Суханони  нафароне аз Хизби исломи Тоҷикистон, ки гӯё касе аъзои ин ҳизб набошад мусулмон нест, наметавонад кулли мусулмононро нороҳату ошуфта насозад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст ва зарур аст, ки ба ҳар гуна иғвоангезию тафриқаандозӣ хотима бахшида, ҳама яктану якҷон хизмати ин Ватану ин миллатро намуда, дар гулгулшукуфии диёрамон саҳми муносиби худро гузорем. Мо мусулмонон набояд исломи покро, ки таи таърихи дурру дароз моро муттаҳид намуда, ба некию некӯкорӣ, таҳаммулу бурдборӣ, инсонпарварию адлу инсоф даъват менамояд, сиёсӣ ва арзишҳои неку поки онро олуда созем.
 Мо сокинони ноҳияи Файзобод, вақтҳои охир мебинем, ки мардуми ноҳия ва ҷумҳурӣ аз амалу рафтори сарварони ин ҳизб норозигӣ изҳор намуда фаъолияти онро маҳкум менамоянд. 
 Ҳизби наҳзати ислом дар солҳои мавҷудияти худ дар ҷумҳурӣ ягон амали неке, ки боиси пешравӣ ва шукуфоии кишвар гардида бошад, содир накардааст. Баръакс он боиси ба гурӯҳу табақаҳо тақсим намудани намояндагони як дину мазҳаб гардида, роҳбарони ҳизб ҳамеша ба бечоранолию паст задании обрӯву эътибори давлату миллат машғуланд. Бояд аъзоёни Хизби наҳзати ислом, хусусан роҳбарони он фаромӯш насозанд, нафароне ки аъзои ин ҳизб нестанд, мусулмонанд ва ҳаргиз ба ҳизби диние ниёз надоранд ва исломи покро ҳамеша риояву ҳимоя менамоянд. Биёед бубинем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои равнақи дини мубини ислом ва адои фаризаҳои динӣ чи қадар кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад ва ҳамаи ин аз тарафи давлат роҳандозӣ мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ҷониби мусулмонон адо намудани фаризаҳои динӣ тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст ва дар кишвар амал намудани беш аз чор ҳазор масҷид, Донишгоҳи исломӣ, маркази исломӣ, ҳамасола аз ҷониби беш аз панҷ ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷо оварда шудани маросими ҳаҷи фарзӣ, бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидани китоби муқаддаси «Қуръон», дар фазои орому осуда озодона таҷлил намудани идҳои мазҳабӣ чун иди саиди Фитр ва иди Қурбон далели равшани ин гуфтаҳоянд.
Мо сокинони ноҳияи Файзобод чун дигар мардуми кишвар, равшан дарк намудаем, ки фаъолияти тахрибкоронаи ин ҳизб боиси норозигию эътирози аҳли ҷомеа гардидааст. Амалҳои носавобу норавои ин ҳизб ва роҳбарияти он, манфиатҳои шахсиву гурӯҳиро аз манфиатҳои милливу ҷамъиятӣ боло гузоштани он сокинони кишварро дилсарду нороҳат намуда, эътибори ҳизбро аз миён бурдааст. Мусулмонони ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ наметавонанд бо он созиш намоянд, ки як гуруҳи манфиатҷуву ҷудоиандоз ба шаъну эътибори дини мубини Ислом, ки мақсади асосии он ободию созандагӣ, баробарию адолат, тарбияи инсони комил ва зиндагии поку гуворо аст, иснод оварда, аз номи он ҳадафҳои нопоки худро роҳандозӣ намоянд.
 Раиси ҳизби номбурда Муҳиддин Кабирӣ зодаи диёри мост, аммо боре амали неки ҳизб ва роҳбаронашро дар беҳбудии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум надидаем ва эҳсос накардаем. 
 Интихоботи парлумонии моҳи феврали соли равон возеҳу равшан нишон дод, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон миёни сокинони мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи мо, эътибору манзалате надорад ва 99 фисади интихобкунандагон ин ҳизбро дастгирӣ намекунанд. Амалҳои носавобу манфиатҷӯёнаи роҳбарони ҳизб баъди бохти интихоботӣ, ки ифодаи иродаи шаҳрвандони кишвар аст, моро бетараф гузошта наметавонанд. Дар шароите, ки душманони дини мубини ислом дар олам ба нест кардани мусулмонон бо дасти худи мусулмонон машғуланд, ҳимояи Ватан, дину оин аз вазифаҳои муқаддасу қарзи фарзандиву имонии ҳар як фард гаштаанд.  
 Аз ин рӯ, мо бо ифодаи қарзи фарзандиву имонии худ ба Раёсати ҲНИТ муроҷиат намуда, талаб менамоем, ки ба хотири рушди минбаъдаи кишвар, муттаҳидии сокинони он, ояндаи дурахшони фарзандонамон ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини мубини ислом фаъолияти ҳизби хешро ҳарчӣ зудтар қатъ намоянд.  

 

Июль 27, 2015 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад