Мусодираи 10 килограмм ҳашиш

Июль 14, 2015 06:01

Душанбе, 14.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Аз ду  нафар  сокинони  шаҳри  Исфара  10  килограмму  132  грамм  ҳашиш   мусодира  гардид. Тавре  ки  ВКД  ҶТ  хабар  медиҳад, кормандони  милиса  дар  ҷараёни  амалиёти  фаврӣ марди  41 – сола  ва  зани 42 – соларо, ки ба  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  машғул буданд,  дастгир  намуданд.  Дар  ҷараёни  тафтиш аз  шахсони  зикршуда маводи  нашъаовар  пайдо гардид. 
Аз  рӯи  ин  қазия  парвандаи  ҷиноӣ  кушода шудааст. 

Июль 14, 2015 06:01

Хабарҳои дигари ин бахш