Мусодираи беш аз 270 килограмм маводи нашъаовар

Июль 9, 2015 05:30

Душанбе, 09.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Гурӯҳи амалиёти  фаврии Раёсати Кумитаи давлатии  амнияти  миллии ҶТ  дар  вилояти  Хатлон якҷоя  бо  дастаи  сарҳадбонон  дар  қитъаи  масъулияти  яке  аз  посбонгоҳҳои  дастаи   сарҳадии  «Ҳамадонӣ»,  воқеъ  дар  хатти тоҷикистонию  афғонистонии  сарҳади давлатӣ  кӯшиши убури ғайриқонунии хатти сарҳади  давлатӣ ва қочоқи  маводи  мухаддирро ҷилавгирӣ  намуд. 
Тавре  ки маркази матбуоти Сарраёсати  Қӯшунҳои  сарҳадии Кумитаи давлатии  амнияти  миллии  ҶТ хабар  медиҳад, гурӯҳи  номаълуми  мусаллаҳи  қочоқгарон иборат  аз  10 – 13  нафар ҳангоми убури ғайриқонунии   хатти  сарҳади  давлатӣ  бо  дастаи  сарҳадбонон бархӯрд. Дар натиҷаи  ин байни қочоқчиёни  маводи  мухаддир  ва  сарҳадбонон  оташфишонии  тӯлонӣ  сар  зад. Ҷинояткорон бо  истифода аз ҳавои торик  дар марзи ҳамҳудуд пинҳон  шуданд.
Дар натиҷаи тафтиши маҳалли  воқеа  беш  аз 270  килограмм ҳашиш ва ду  ҷасади қочоқчиёни  афғон  пайдо  гардид.
Алҳол мақомоти  махсуси  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии  ҶТ  тафтишот  мегузаронад.

Июль 9, 2015 05:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад