Мусодираи беш аз 270 килограмм маводи нашъаовар
Душанбе, 09.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Гурӯҳи амалиёти фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Хатлон якҷоя бо дастаи сарҳадбонон дар қитъаи масъулияти яке аз посбонгоҳҳои дастаи сарҳадии «Ҳамадонӣ», воқеъ дар хатти тоҷикистонию афғонистонии сарҳади давлатӣ кӯшиши убури ғайриқонунии хатти сарҳади давлатӣ ва қочоқи маводи мухаддирро ҷилавгирӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ хабар медиҳад, гурӯҳи номаълуми мусаллаҳи қочоқгарон иборат аз 10 – 13 нафар ҳангоми убури ғайриқонунии хатти сарҳади давлатӣ бо дастаи сарҳадбонон бархӯрд. Дар натиҷаи ин байни қочоқчиёни маводи мухаддир ва сарҳадбонон оташфишонии тӯлонӣ сар зад. Ҷинояткорон бо истифода аз ҳавои торик дар марзи ҳамҳудуд пинҳон шуданд.
Дар натиҷаи тафтиши маҳалли воқеа беш аз 270 килограмм ҳашиш ва ду ҷасади қочоқчиёни афғон пайдо гардид.
Алҳол мақомоти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ тафтишот мегузаронад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






