Н. Давлатзода: Бо вуҷуди таъсири бӯҳрони молиявӣ теъдоди корхонаҳо афзудааст
Душанбе, 20.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Новобаста ба таъсири омилҳои бӯҳрони молиявӣ дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ 21 ҳазору 730 адад афзоиш ёфта, аз ин шумора 292 адади он ба шахсони ҳуқуқӣ мутаалиқ аст». Нусратулло Давлатзода-раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ 20 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки бӯҳрони молиявӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии корхонаҳо, албатта, таъсири худро расонида истодааст. Мавсуф афзуд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо дар мавриди иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз бо мушкилот рӯ ба рӯ мегардем. Новобаста аз ин, кормандони мақомоти андози кишвар саъй менамоянд, ки тамоми имкониятҳоро истифода карда, манбаъҳои иловагии андозро ҳисоб ва пардохт намуда, буҷетро таъмин созанд.
Назар ба иттилои роҳбари мақомоти андози кившар бӯҳрони молиявӣ асосан ба корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва ширкатҳое, ки ба хариду фурӯш машғуланд, таъсир расонидааст, зеро то ҷое мусаллам аст, воридоти молу маҳсулот дар ин давра ба қаламрави кишвар коҳиш ётаааст, ки ин раванд ба ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ таъсири худро мерасонад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






