Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Июль 14, 2015 06:16

Душанбе, 14.07.2015.(АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Имрўз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.  Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки имрўз дар тамоми дунё  ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. 
Моҳи июни  соли 2015  дар шаҳри   Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи Даҳсолаи  байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 ва муайян намудани  талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои об доир гардид, ки кумита дар тамоми ҳамоишу нишастҳои ин чорабинии муҳим  фаъолона иштирок намуд. Аз ҷумла, дар арафаи баргузории конфронси мазкур кумита якҷоя бо   Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дафтари Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд Форуми душанбегии кишварҳои кўҳӣ “Об ва кўҳҳо”-ро доир намуд. Дар кори Форум намояндагони зиёда аз 120 давлат ва ташкилот, ки вобаста ба рушди минтақаҳои кўҳсор фаъолият  мекунанд, иштирок намуданд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  9  конвенсияи экологии Созмони Милали Муттаҳид шомил  гардида, яке аз кишварҳои пилотӣ дар самти мутобиқшавӣ ба  тағйирёбии иқлим интихоб шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ боз ба як Конвенсияи СММ оид ба савдои байналмилалии навъҳои набототи ёбоӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ, ки мавриди таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд, шомил  гардидем.
-Дар шаш моҳи соли равон 32 вохўрии роҳбарияти кумита бо намояндагони ташкилоти байналмилалӣ доир гардид,-афзуд раиси кумита ва илова кард, ки дар кумита  3 лоиҳаи грантии экологӣ амалӣ шуда истодааст. Барои пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, иқдоми ҷумҳуриявии «Тозагии маҳал»,  «Тозагии соҳил» ва “Тозагии роҳҳо”  гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 175,5 ҳазор нафар аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд. 
Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии  нав зери шиори “Об барои рушди устувор” якдилона ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи он тамоми имконияту иқтидори мавҷударо истифода менамоянд ва фаъолияти худро барои таъмини сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат равона месозанд.

Июль 14, 2015 06:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имконияти рушди хизматрасонии почта дар Тоҷикистон бо истифодаи нақлиёти барқӣ баррасӣ гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Фарғона дар Узбекистон иштирок намуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо