Натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Душанбе, 16.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Ҳайати Мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов 16 июля баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Вазорат дар шаш моҳи аввали соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014 суханронӣ намуд, ҳисоботи роҳбарони як қатор раёсатҳо низ шунида шуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати анҷоми корҳои лозима барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба сафарҳои дар пешистодаи меҳмонони олиқадр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сафарҳои ҳайатҳои Тоҷикистон ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дод. Таваҷҷуҳи махсус ба Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СААД ва Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки тирамоҳи соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир мегарданд, зоҳир карда шуд.
Нақшаи фаъолияти Вазорат дар шашмоҳаи дуюми соли 2015 дар ҷаласаи Ҳайати Мушовара муҳокима ва тасдиқ гардид.
Дар анҷом, Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳкими фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказӣ супоришҳои мушаххас дод.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






