Нишони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қабул гардид
Душанбе, 09,07,2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ ).- Бо ризоияти бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Нишони (логотип)-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ин тасмим зимни таклифу пешниҳоди як гурӯҳ ҷавонон оид ба таҳия намудани нишони кумита ҳангоми истифода дар баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишиву сайёҳӣ дар доираи таҷлили 30 рӯзи ҷавонӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 май гирифта шуд.
Вобаста ба он, ки кумита масъули се соҳа: ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошад, нишон низ дар ҳамин замина омода гардидааст, ки чунин шарҳ дорад:
«Ҷавонон»: дар маркази нишон нахуст рамзи ҷавонон (ҳаҷман калонтар) инъикос ёфтааст, ки аз давлати ҷавон будани Тоҷикистон, яъне синни миёнаи мардум, ки 24,5 солро ташкил медиҳад, шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон шумораи зиёди аҳолии Тоҷикистонро шахсони синни 14-30 сола ташкил медиҳанд, ки аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсони ҷавон ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон насли идомадиҳанди миллат, таърих, фарҳанг, анаъана, расму оин, забон ва бунёдгузорандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳистиқлол буда, гирифтани Парчами миллии Тоҷикистон бо даст, аз рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пойдорӣ, мустақилият, якдилӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
«Варзиш»: дар тарафи чапи нишон рамзи пойдорӣ, бардамӣ ва солимии миллат, ақли солим, ҷисми солим ва ҳаёти солим инъикос ёфтааст, ки нишон аз таваҷҷуҳи давлат ба ин қисмати муҳими ҳаёти инсон арёбӣ мегардад. Варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати миллатҳо ба ҳисоб рафта, ояндаи дурахшони миллат ва пойдории он, ба фарзандони ҷисман ва рӯҳан солим вобастагӣ дорад.
«Сайёҳӣ»: дар қисмати рости нишон, рамзи сайёҳӣ, мероси бойи таъриху фарҳангӣ, анъанаҳои неку сулҳпарварона, забонҳои гуногун, фарҳангҳо ва таомҳои миллӣ, табиати нотакрор, обҳои шифобахш, кӯҳҳои осмонбӯс, қалъаву мазор ва оромгоҳи мутафаккирону донишмандон, шоирону нависандагон ва нобиғаҳои ҷаҳонӣ, манзараҳои нотакрору ҳаётбахш ва шифобахш ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии кишвар инъикос ёфтаанд.
«Кураи замин»: ҳар се рамз дар даруни кураи замин, гетӣ ё даҳр, нишони ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани ин се соҳа ва дар маҷмӯъ Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз ҷониби дигар ин мавқеъгирӣ аз пешгуфтори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: яъне мо халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, имрӯз ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушду нумӯи онро дарк карда, истиқлолият ва комилҳукуқии дигар давлатҳоро эҳтиром ва эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додаем, сарчашма мегирад.
«Ранги Кабуд»: нишон аз рамзи ҷавонӣ, зебоӣ, осмони софу беғубор ва ваҳдату якдилии миллат шаҳодат медиҳад.
Барои муаррифии ин нишона ва соҳибияти он дар гирди рамзи кураи замин номи пурраи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои калони якхела бо се забон дар мавриди истифодаи муколама инъикос ёфтааст.
Лозим ба ёдоварист, ки қаблан кумита нишон надошт ва минбаъд зимни баргузории тамоми чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишиву сайёҳӣ ин рамз ҳамчун нишони умита истифода мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






