Ҷ. Нурмуҳаммадзода: БМТ ба бонкҳои ватанӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат дод

Июль 21, 2015 11:23

Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз  ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои ватанӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат  (то 3 моҳа) ба маблағи 415,8 млн. сомонӣ ва 30 млн. рубли русӣ дода шудаанд, ки ин дар таъмини ҳолати пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ мусоидат намуд,-гуфт  раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати пулӣ ба ҳисоб меравад, то 30 июни соли 2015 6,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 13,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
 «Тибқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 зиёдшавии ин нишондиҳанда дар соли 2015 то 16 фоиз ба нақша гирифта шуда  буд»,- афзуд раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

 

 

Июль 21, 2015 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш