Оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ дар шабонарӯзи гузашта дар навоҳии Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон

Июль 21, 2015 05:03

Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи фаромадани сел дар ҷамоати Убағи деҳаи Висхарви ноҳияи Дарвоз  2 мошини сабукрав, дар деҳаи Курговад 1 кӯпруки мошингард таги сел монданд.
Дар ҷамоати Ҷовидони деҳаи Рави ноҳияи Ванҷ 1 мошини тамғаи «Старекс» бо 5 нафар мусофир таги сел монда, мусофиронаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар деҳаи Лугади ҷамоати Вотхуди ҳамин ноҳия 1  адад «Экскаватор», 1 мошини тамғаи «Кетчут» таги сел монда, ронандаи «Экскаватор» бе ному нишон гум шудааст.
Дар деҳаи Бравни ҷамоати Вотхуд 1 мошини субукрави тамғаи «Опел», 1 мағозаи тиҷоратӣ таги сел мондааст.
Дар маркази ноҳияи Ванҷ оби канал аз маҷро баромада, идораи байтории ноҳияро хароб кардааст.
Ҳамин тариқ, сел 100 метр роҳи мошингарди шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро дар мавзеи ҷамоати Барӯшони ноҳияи Рӯшон маҳкам намуда, 4 хонаи истиқоматиро хароб намудааст.
Дар натиҷаи фаромадани сел дар мавзеи деҳаи Деҳмиёни ҷамоати Вер 14 метр роҳи мошингарди шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб шуста шудааст.
Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби масъулин корҳои барқарорсозӣ ба роҳ монда шудаанд. 
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

 

Июль 21, 2015 05:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид