Оғози курси ФИФА барои доварони тоҷик

Июль 22, 2015 09:33

Душанбе, 22.07.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони  Қурбон).- 20 июл дар Академияи футболи клуби “Истиқлол”,  вақеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор курси ҳамасолаи ФИФА «FIFA/MA Refereeing course» барои доварони футболи Тоҷикистон оғоз шуд. Дар  давоми панҷ рӯз дастурдиҳандагони ФИФА ва КФО Фарҳод Абдуллоев, дастурдиҳандаи доварон  аз Ӯзбекистон ва Аҳмад Халиди Супиан, дастурдиҳандаи фитнесӣ аз Малайзия бо доварон ва дастурдиҳандагони  тоҷик машғулиятҳои амаливу назариявӣ мегузаронанд. Дар машғулиятҳо 30 довари тоҷик иштирок мекунад.
Фарҳод Абдуллоев, дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО гуфт, ки: “ Мақсади асосӣ аз ташкили машғулиятҳо-ин баланд бардоштани дараҷаи тахассусии дастурдиҳандагон ва доварони футболи Тоҷикистон мебошад». 

 

Июль 22, 2015 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш