Озмоишгоҳи нави «Геологияи муҳандисӣ ва гидрогеология» дар ДДМ

Июль 29, 2015 03:23

Душанбе,  29.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дирӯз дар Филиали ДДМ ба номи М.В Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо иштироки хабарнигорон  нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишасти хабарӣ директори ДДМ Александр Реймерс   зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли 2015 аз рӯи нақша маблағҳои буҷавӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба миқдори 5 млн. 206 ҳазору 500 сомонӣ тасдиқ гардид, ки он ба маблағи 4 млн. 268 ҳазору 489,42 сомонӣ иҷро шуд. Иҷрои маблағҳои буҷавии тасдиқгардида 81,98 фоизро ташкил дод.
Дар муддати ҳисоботӣ мувофиқи стандартҳо майдончаи варзишӣ сохта шуд, ки барои истифода омода аст. Инчунин озмоишгоҳи нави «Геологияи муҳандисӣ ва гидрогеология» ва синфхонаи компютерии бо лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз иборат аз 18 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.

 

 

Июль 29, 2015 03:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст