Пойтахт дар ҷамъоварии андозҳо беҳтарин нишондиҳандаро касб кардааст

Июль 29, 2015 07:15

Душанбе, 29.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 31,5 % -и ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ дар кишвар ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки он беҳтарин нишондиҳанда дар ҷумҳурист, гуфт Шӯҳрат Мақсудзода, муовини раиси шаҳри Душанбе 29 июл дар ҷамъи хабарнигорон.
   Мавсуф  дар назди  намояндагони ВАО рушди  соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахтро дар зарфи шаш моҳи соли равон натиҷагирӣ намуда, афзуд, ки дар  ин давра маҷмӯи  маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, беш аз 4 миллиард сомониро  ташкил дод ва рушди воқеии он ба 6,3 % баробар гардид.Дар ин давра ҳиссаи  маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе  тибқи ҳисобҳои фаврӣ дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 21,7 % -ро ташкил дод. 
          Шӯҳрат Мақсудзода иброз дошт, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар пойтахт афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 111,7%, мабалғгузорӣ  ба сармояи асосӣ 109,9 %, савдои чакана 105 % ва меъёри таваррум дар бахши истеъмолӣ 7,7 %-ро ташкил дод. Таъкид гардид, ки шаҳрдории Душанбе нишондодҳои барномавии худро оид ба рушди бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  дар фазои «Соли соҳибкории истеҳсолӣ  ва иқдомоти креативӣ ба роҳ мондааст.        

 

Июль 29, 2015 07:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид