Пойтахт дар ҷамъоварии андозҳо беҳтарин нишондиҳандаро касб кардааст
Душанбе, 29.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 31,5 % -и ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ дар кишвар ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки он беҳтарин нишондиҳанда дар ҷумҳурист, гуфт Шӯҳрат Мақсудзода, муовини раиси шаҳри Душанбе 29 июл дар ҷамъи хабарнигорон.
Мавсуф дар назди намояндагони ВАО рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахтро дар зарфи шаш моҳи соли равон натиҷагирӣ намуда, афзуд, ки дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, беш аз 4 миллиард сомониро ташкил дод ва рушди воқеии он ба 6,3 % баробар гардид.Дар ин давра ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе тибқи ҳисобҳои фаврӣ дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 21,7 % -ро ташкил дод.
Шӯҳрат Мақсудзода иброз дошт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар пойтахт афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 111,7%, мабалғгузорӣ ба сармояи асосӣ 109,9 %, савдои чакана 105 % ва меъёри таваррум дар бахши истеъмолӣ 7,7 %-ро ташкил дод. Таъкид гардид, ки шаҳрдории Душанбе нишондодҳои барномавии худро оид ба рушди бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар фазои «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ ба роҳ мондааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






