Раҳим Санъат Асо: Дар шаш моҳ 540 назорати техникӣ гузаронидем

Июль 10, 2015 11:13

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар хадамот 1 ҳазору 937 корхона ва 12 ҳазору 621 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон  540 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки аз он 66 назорат комплексӣ, 249 назорат мақсаднок ва 225 назорат фаврӣ буд. 

Июль 10, 2015 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш