Рашт: оқибатҳои офати расида бартараф мешаванд
Рашт, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Мирзосафари Ризвон).-Дар натиҷаи аз меъёри муқаррарӣ баланд шудани ҳарорати ҳаво сатҳи обшавии пиряхҳо дар ноҳияи Рашт зиёд гардид ва барои сокинони деҳаҳо мушкилӣ эҷод кард. Соати 17.00 рӯзи 20-уми июли соли равон дар натиҷаи канда шудани пирях ва банд хўрдани пеши роҳи об аз дараи Ҳалқарф сел фаромад
Дар натиҷа қисме аз деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф зери хоку сел монданд. Тибқи маълумоти ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бар асари офат як нафар ҳалок гардидааст. Аз офати табиӣ 60 хонаи истиқоматӣ дар деҳаҳои Ҳалқарфу Бедак зери сел монда, 5 хатти таъмини барқ нобуд гардид. Дар масофаи ду километр роҳҳои деҳа вайрону валангор шуданд. Хатти оби нўшокие, ки маркази ноҳияро бо шаҳраки Ғарм таъмин менамуд, таги сел мондааст. Ҳамчунин тахминан 25 гектар замини наздиҳавлигӣ зери сел мондааст.
Дар маҳали офати табиӣ таҳти сарварии раиси ноҳия Қаноатшоҳ Лоиқзода худи ҳамон шаб ситоди ноҳиявӣ ташкил шуд. Ситод тавонист ҳамон шаб тамоми мардуми ду деҳаро ба ҷойҳои бехайф кўчонад.
21 июли соли 2015 бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Рашт омада, бо маҳали ҳодисаи рӯйдода шинос шуд. Дар ин сафар Сарвазири ҷумҳуриро зумрае аз намояндагони вазорату кумитаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф, ки аз офат зарари ҷиддӣ дидаанд, мулоқот орост.
Нисфирӯзӣ таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Ситод оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид.
Сарвазири мамлакат тамоми сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳоро андешанд.
Баъди суҳбат бо зарардидагон Сарвазири мамлакат аз мавзеи бунёди деҳаи нав боздид ба амал овард. Дар ин ҷо низ бо масъулини идораҳои сохтмонӣ, вазоратҳои мутасаддӣ ҷиҳати ҳар чӣ зудтар фароҳам овардани шароит барои зарардидагон суҳбати озод доир гардид.
Сарвазири мамлакат диққати ҳозиринро ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳо, таъминот бо масолеҳи сохтмонӣ, бунёди мактаб, мағозаҳо, бунгоҳи тиббӣ, интиқоли оби ошомиданӣ ҷалб намуд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






