Расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва ҳифзи саломатии маризону дардмандон
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва ҳифзи саломатии маризону дардмандон мавзӯи асосии ҷамъомади методӣ-таълимие буд, ки дар Шифохонаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиа бо ҷалби масъулини хадамоти тиббии қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи вазорат баргузор гардид. Дар ҷараёни машғулият иштирокдорон бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ ва роҳу воситаҳои истифодаи он шинос гардиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа дар ҷамъомад муовини вазири мудофиаи мамлакат Сайдамир Розиқзода иҷрои бенуқсони вазифаҳои хизматӣ, дастгирии мутахассисони ҷавон ва омодагии ҳамаҷонибаи тиббиро муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд.
Қисмати амалии ҷамъомад дар нуқтаи тиббии саҳроии назди Шифохонаи марказии ҳарбӣ ҷараён гирифт. Дар нуқтаи омӯзишӣ хизматчиёни ҳарбӣ роҳу усулҳои табобат дар шароити кӯҳу саҳро ва табодули таҷрибаомӯзӣ аз якдигарро омӯхтанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






