Расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва ҳифзи саломатии маризону дардмандон

Июль 15, 2015 05:12

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва ҳифзи саломатии маризону дардмандон  мавзӯи асосии ҷамъомади методӣ-таълимие буд, ки дар Шифохонаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиа бо ҷалби масъулини хадамоти тиббии қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи вазорат баргузор гардид. Дар ҷараёни машғулият иштирокдорон бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ ва роҳу воситаҳои истифодаи он шинос гардиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа дар  ҷамъомад муовини вазири мудофиаи мамлакат Сайдамир Розиқзода иҷрои бенуқсони вазифаҳои хизматӣ, дастгирии мутахассисони ҷавон ва омодагии ҳамаҷонибаи тиббиро муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд.
Қисмати амалии ҷамъомад дар нуқтаи тиббии саҳроии назди Шифохонаи марказии ҳарбӣ ҷараён гирифт. Дар нуқтаи омӯзишӣ хизматчиёни ҳарбӣ  роҳу усулҳои табобат дар шароити кӯҳу саҳро ва  табодули таҷрибаомӯзӣ аз якдигарро  омӯхтанд.
 

Июль 15, 2015 05:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад