Роҳбари «Давлати исломӣ» намоиши наворҳои инъикосдиҳандаи ҳолатҳои қатлкуниро манъ кард
Душанбе, 20.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари «Давлати исломӣ» Абубакр ал — Бағдодӣ фармон баровард, ки он ба силоҳбадастони созмонҳои террористӣ ба навор гирифтани қатли ҷабрдидагонро манъ мекунад. Агентии ARA nevs — и Сурия зимни истинод ва васоити ахбори оммаи «Давлати исломӣ» дар ин бора хабар медиҳад.
Бағдодӣ ҳамчунин намоиши наворҳои дорои саҳнаҳои зӯровариро манъ кард. Мавсуф дар ин бора ба ҳамаи васоити ахбори «Давлати исломӣ» мактуби дахлдор ирсол намуд.
Роҳбари ДИ тасмими худро бо он асоснок намуд, ки намехоҳад ба иззати нафси созмонҳои дастгирикунандаи мусулмонон ва фарзандони онҳо расад. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки намоиши чунин наворҳо обрӯи созмони террористиро паст мезанад.
Силоҳбадастони «Давлати исломӣ» наворҳоеро борҳо намоиш доданд, ки дар онҳо лаҳзаҳои қатли шаҳрвандон ва хидматчиёни ҳарбӣ тасвир ёфтаанд.
Яке аз наворҳои охирин аввали моҳи июл намоиш дода шуда буд. Дар он манзараи сарбозони дар Палмира асирафтодаи Сурияро оташборон кардани наврасон тасвир ёфтааст.
Террористон ҳамчунин ҳолатҳои ба қатл расонидани гаравгонони хориҷиро ба навор гирифтанд. Шаҳрвандони Ҷопон Кэндзи Гото ва Ҳаруна Юкава, Ҷеймс Фоули, Стивен Сотлофф ва Питер Кэссинги амрикоӣ, ҳамчунин Алан Ҳеннинг ва Дэвид Ҳейнси британиёӣ аз дасти силоҳбадастон кушта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






