Роҳхат ба Бозиҳои олимпии Бразилия-2016-ҳадафи асосӣ

Июль 16, 2015 04:51

Хуҷанд, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҳирҷон  Искандарзода ).-Аз  оғози моҳи июл инҷониб гўштингирони номвари тоҷик,  ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳон,  Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналхалқӣ  Комроншоҳи Устопириён, Илҳом Ҳофиззода, Хуршед Маҷидов таҳти роҳбарии Устоди варзиш, Мураббии шоистаи Федератсияи Руссия, мураббияи калон оид ба гўштини тарзи дзюдои Донишгоҳи ВКД ФР Елчанинов Владимир Николаевич тамрин доранд. Омодагии варзишгарони тоҷик дар толори варзишии намудҳои гўштини «Устопириён», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд гузашта истодааст.  Минбаъд тамрини варзишгарони тоҷик дар толори варзишии «Шоҳин»- и лаби Баҳри тоҷик идома ёфта, ба он дигар гўштингирони шинохта- Саидҷалол Саидов ва Муҳаммад Абдураҳмонов ҳамроҳ мешаванд.  Устоди варзиш Елчанинов Владимир гўштингирони тоҷикро ба мусобиқаҳои бонуфузе, ки  охири моҳи июл ва то  анҷоми соли равон доир мешаванд, аз қабили Чемпионати ҷаҳон дар Сараево,  Ҷоми кушоди Осиё дар давлати Тайван,  Гран-При дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ва чанде дигар омода карда истодааст. Тавре ки  Владимир Елчанинов гуфт, иштироки гўштингирони тоҷик дар ин мусобиқаҳо имконияти онҳоро барои ба даст овардани  роҳхати Бозиҳои олимпии Бразилия-2016  беҳтар месозад.
                              

Июль 16, 2015 04:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст