Роҳи Хоруғ-Мурғоб ҳарчи зудтар бояд барқарор шавад
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар ин бора муовини сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои ВМКБ Хушназар Абдураҳимов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошта, афзуд, ки бо супориши қатъии Сарвари давлат Эмомалӣ барои ҳарчӣ зудтар барқарор намудани ин роҳ айни ҳол дар ин мавзеъ аз ду самт 13 адад техника кор карда истодааст.
Корҳо дар ин қитъаи роҳ бо ҷалби мутахассисони ватанию хориҷӣ бо суръат идома дошта, талош мешавад, ки ҳарчи зудтар роҳ бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода шавад.
Х. Абдураҳимов афзуд, ки ҳоло барои интиқоли бор ва рафту омади мошинҳои боркаш тавассути ноҳияи Ишкошим роҳи алтернативӣ фаъол шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бар асари чандин маротиба фаромадани ҳаҷми калони сел ва банд намудани маҷрои дарёи «Ғунд» 16-17 июл дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Хоруғ-Мурғоб хароб гардида буд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






