Роштқалъа: Маҳсулоти кишоварзӣ арзон шуд

Июль 29, 2015 06:22

    Роштқалъа, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Бо ибтикори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Иттифоқи Тоҷикматлубот  дар бозори марказии ноҳияи Роштқалъа  ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор кард.  Дар ярмарка   кишоварзони шаҳри Турсунзода дастранҷи худро  бо нархи арзон ба фурӯш гузоштанд.
     Яке аз сокинони ин ноҳия Бахтибек Қубодбеков гуфт, ки пас аз  ҷорӣ шудани сел ва баста шудани роҳ  нархи сабзаҷоту мева наздик ба як баробар боло рафт. Аммо баъди ташкили чунин ярмаркаҳо қимати маҳсулоти кишварзӣ бо шумули помидору бодиринг аз 8 сомонӣ ба 2-3 сомонӣ поин омад. Дар ҳоле ки чанд  ҳафта пеш як килограмм маҳсулоти мазкурро дар ивази 8 сомонӣ мефурӯхтанд.
   То ба эътидол омадани вазъи роҳҳои мошингарди вилоят чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят идома меёбад.

Июль 29, 2015 06:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд