«Россотрудничество» ҷуғрофиёи фаъолияташро дар Тоҷикистон фарох гардонданист

Июль 24, 2015 08:06

Душанбе, 24.23.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Россотрудничество»-и Русия тасмим дорад, ки ҷуғрофиёи фаъолияташро дар минтақаҳои  мухталифи Тоҷикистон фарох гардонида, тавсеа бахшад. Масъалаи мазкур зимни мулоқоти Сайдулло Хайруллоев -раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) бо хонум Любов Глебова -раиси президиуми ташкилоти «Россотрудничество»-и Русия дар Душанбе матраҳ гардид. Ҷонибҳо ба тавсеаи фаъолияти «Россотрудничество»-и Русия дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшони Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар ин минтақаҳои Тоҷикистон шумораи зиёди русзабонҳо кору зиндагӣ мекунанд, ифтитоҳ намудани намояндагии «Россотрудничество» дар ин минтақаҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
   Дар мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкории байни ҶДРФТ ва  «Россотрудничество»-баррасӣ шуд. 
    С. Хайруллоев ба Л. Глебова доир ба фаъолияти ҶДРФТ ва анҷуманҳои он маълумот дода, нақши Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Русия» ва «Россотрудничество»-ро дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯст муҳим арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки имконоти Тоҷикистон ва Русия ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар заминаҳои илму фарҳанг ва маориф  беш аз пеш густариш меёбад.
    С. Хайруллоев аз ҳамкории густурда ва ҳасанае, ки байни дафтари намояндагии «Россотрудничество»-и  Русия дар Душанбе ва ҶДРФТ ҷараён дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд.  Любов Глебова -раиси президиуми ташкилоти «Россотрудничество»-и Русия омодагии худро барои боз ҳам густариш додани робита байни ҶДРФТ ва ниҳоди зери назараш эълом дошт. Мавсуф гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни  кишварҳои пасошӯравӣ бо «Россотрудничество» ҳамкории густурда дорад, ки мояи ифтихори ҳайати роҳбарикунандаи он аст.

 

Июль 24, 2015 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид