РОТ: дар нимаи аввали соли 2015 вуруди амвол ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Июль 22, 2015 06:10

Душанбе,  22.07.15. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). — Роҳи —  оҳанчиёни  Тоҷикистон дар  нимаи  аввали  соли  равон 126  ҳазору  380  тонна  маҳсулоти  кишоварзиро судур  намуданд, ки назар ба  ҳамин  давраи  соли гузашта баробари  27  ҳазору  535  тонна  зиёд  аст. 
Тавре  ки  муовини  якуми  сардори Муассисаи  воҳиди  давлатии «Роҳи оҳани  Тоҷикистон»  Баҳром  Шодиев  дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ изҳор  дошт, афзоиши интиқоли  маҳсулоти  кишоварзӣ  аз  ҳисоби афзоиши  судури  пиёз, турб ва  сабзӣ сурат гирифт. 
«Вуруди  амвол 1  миллиону 919  ҳазор  тоннаро  ташкил  дод, ки  назар  ба  ҳамин  давраи  соли гузашта  баробари  234 ҳазор тонна  кам  аст. Ҳаҷми воридот назар  ба  содирот баробари  1  миллиону  612  ҳазор тонна, ё  6,3  баробар  зиёд  буд», — афзуд Баҳром  Шодиев.  

 

Июль 22, 2015 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид