Ҷ.Румӣ: таъмини 50 оилаи муҳоҷири дохилии ноҳия бо қитъаи замин

Июль 30, 2015 11:46

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- То  ба имрўз 50 оилаи муҳоҷири дохилии ҳудуди ноҳияи Ҷ.Румӣ  дар мавзеи хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)-и ба номи «Халифа Қосим» -и ҷамоати деҳотӣ Фрунзе бо масоҳати 0,10 га. қитъаи замини назди ҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва қарзи имтиёзнок ба 47 оила таъмин шуданд. Қисме аз онҳо хонаҳояшонро пурра сохта, зиндагӣ доранд. Дар ин бора мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ М. Муродов дар ҷараёни ҷамъомад вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ хабар дод.
Дар ҷамъомади мазкур  муовини якуми раиси ноҳияи Ҷ. Румӣ Акрамзода Рустам, сардори шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Собиров ва зиёда аз 50 муҳоҷири меҳнатӣ иштирок дошт. 
Зикр  шуд, ки дар давоми 1 соли фаъолияти кории Хадамоти муҳоҷират ҷамъомаду чорабиниҳо ва вохўриҳои зиёде бо иштироки мутахассисон ва муҳоҷирони меҳнатӣ доир шудааст.    

 

Июль 30, 2015 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст