Сӯхтор дар мағозаи фурӯши таҷҳизоти техникӣ

Июль 10, 2015 11:14

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-9 июл  дар мағозаи фурӯши таҷҳизоти техникии “Медиа”, воқеъ дар назди шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, ки ба соҳибкор, сокини 28-солаи ноҳияи  Б.Ғафуров тааллуқ дорад, дар масоҳати 95 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. 
Тибқи иттилои ВКД ҶТ сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин рӯз коҳдонхонаи ҳавлии истиқоматии марди 47-солаи сокини ноҳияи Восеъ дар масоҳати 60 метри мураббаъ оташ гирифтааст. Сабаби сар задани оташ расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. 

 

 

Июль 10, 2015 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад