Сафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ФР коҳиш ёфтааст

Июль 16, 2015 05:57

Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар шаш моҳи соли равон сафи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ФР 14-15 фоиз коҳиш ёфтааст, -гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ. 
Бино ба гуфтаи вазир сабаби асосии кам шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди Русия- ин буҳрони иқтисодӣ,  хориҷ шудани бештари муҳоҷирони корӣ ва ворид гаштани як зумра талаботи нав нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. 
Мутобиқи натиҷаи баҳисобгирӣ дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ 336 ҳазору 625 шаҳрванд ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намуда, аз ин шумора 331 253 нафар ба Федератсияи Русия ба кор рафтааст. 
Вале ба қавли Сумангул Тағойзода шумораи муҳоҷироне, ки ба таври қонунӣ дар Русия ба кор машғуланд, нисбат ба солҳои пешин бештар шуда истодааст. 

 

Июль 16, 2015 05:57

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид