Саломати миллату давлат аз ҳама волотар аст

Июль 14, 2015 13:10

Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Муроҷиати Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои кафили Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиҳати мудохила ба кори дохилии Тоҷикистон адибони кишварро ҳам ҷиддан ба ташвиш овард. 
Пас аз ҳаждаҳ соли расидани миллати тоҷику давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ваҳдату ҳамдилӣ ва тантанаи сулҳу суботи миллӣ чунин изҳорот нодида гирифтани заҳмату талош ва ҷоннисориҳои тамоми мардуми кишвар дар роҳи ҳифзи Тоҷикистони воҳид ва эҳёи миллат мебошад. Ба хотири ҳимояи манфиатҳои ҳизбе, ки номаш аз замони арзи ҳастӣ карданаш ба нооромиву низоъ ва муқовиматҳои тўлонии мусаллаҳона, печидани кишвар ба буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва заиф гардидани пояҳои давлатдориамон марбут аст, даъват намудани созмону давлатҳои хориҷӣ ба дахолат ба кори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали низоъангезонаест, ки кўшишҳои ҳадафмандонаи ҷудоиандозии Ҳизби наҳзати исломиро дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба ёд меорад. 
Тоҷикистон баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҳти роҳбарии Сарвари  фидокор, дурандеш ва ватандўсти худ давраи душвори барқарорсозии оқибатҳои ҷанги фалокатбори шаҳрвандиро пушти сар карда, ба марҳалаи рушди устувор қадам гузошт. Имрўз ҳар як шаҳрванди покдилу ростназари мамлакат таҷаллии сиёсати созандагиву бунёдкории Ҳукумати Тоҷикистон, таъмини амнияту осудагиро бо чашми сари худ мебинад. Ҳама шоҳидем, ки дар муддати кўтоҳи тантанаи сулҳу субот мамлакат аз бунбасти коммуникатсиониву иттилоотӣ баромад, симои шаҳру деҳот замонавӣ гашт, роҳу шоҳроҳ ва пулу нақбҳои муосир, иморатҳои беназир, боғҳо, хиёбону гулгаштҳо, муҷассамаҳои муҳташами шахсиятҳои бузурги миллат, шаҳру шаҳракҳои нав сохта шуданд ва ин гуна ободкориҳо торафт вусъат меёбанд. Сатҳи зиндагии аҳолӣ рў ба беҳбудӣ дорад, шумори корхонаҳо, муассисаҳо ва созмонҳои тоза ба тоза пайваста зиёд мегардад. Дастгирии ташаббусҳои Сарвари давлатамон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, тавсеаи сармоягузории хориҷӣ далели равшани боло рафтани обрўву эътибори Тоҷикистони азиз аст. 
Фазои мусоиди сулҳу субот ва расидан ба истиқлоли давлативу ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки фарҳанг, адабиёт, санъат ва илмамон ба асли хеш бозгарданд. Забони тоҷикӣ воқеан мақоми давлатӣ пайдо кард ва ба хидмати аҳли донишу адаб гузошта шуд. Имрўз шумораи таълимгоҳҳои миёнаву олӣ, пажўҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмиву фарҳангӣ назар ба даврони шўравӣ даҳҳо маротиба зиёд гашта, нерўи муқовимати забон ва фарҳанги миллат дар муқобили ҷаҳонишавии тамаддунҳо бамаротиб тақвият ёфтааст. 
Дини ислом ҳамчун оини суннатии тоҷикон аз шарофати Истиқлолият озодии бесобиқа пайдо намуд. Диндорон ва ходимони дин дар паноҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни ягон myter om menns seksuelle динии худро баҷо меоранд, шумораи зоирони Хонаи Худо сол то сол афзун мегардад, теъдоди масҷидҳо нисбат ба даврони шўравӣ беҳад афзуда, адабиёти зарурии динӣ пайваста чоп ва дастраси алоқамандон мешавад, давлат ба сохтани масҷидҳои зебову замонавӣ мусоидат менамояд. Фаъолияти Донишкадаи давлатии исломӣ, ки ҳадафаш таълиму тарбияи шогирдони огоҳдилу бедор, ватанпарасту миллатдўст, ходимони воқеии ислом аст, далели дигари муносибати мунсифонаи давлат ба дин ва пайравони беғарази он мебошад. Ба эҳтироми бовару эътиқоди мардум давлати соҳибистиқлоламон идҳои асосии исломро рўзҳои истироҳат эълон кардааст.  
Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълом доштааст ва тибқи муқаррароти он ягон идеология дар ҷомеа ҳаққи ҳоким будан надорад ва дин ҳам чун як навъи идеология истисно нест. Азбаски ҳадафи ниҳоии Ҳизби наҳзати ислом — ба даст овардани ҳокимият ва исломӣ кардани давлат хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳукумат вазифадор аст, ки аз чунин нияту иқдоми ғайриконститутсионӣ ҷилавгирӣ намояд.  
Мо заҳри қаттоли чунин кўшишу амалҳои аҳзоби мутаассибу тундравро дар бомдоди Истиқлолияти давлатиамон чашидем. Имрўз авҷи ҷоҳилияту ваҳшонияти гўшношунидро бо номи давлати исломӣ дар кишварҳои дигар дида истодаем. Аз ин рў, бо ҷонибдорӣ аз эътиқоди динии ҳар шаҳрванд қотеъона сиёсати оқилонаи давлатамонро ҷонибдорӣ менамоем. 
Зиндагӣ ҳаргиз бе мушкилӣ набудааст ва кишвари мо ҳам, чун кулли ҷомеаи башарӣ, имрўз мувоҷеҳи баъзе душвориҳост. Давлату ҳукумат он ҳамаро хуб медонанд ва барои ҳаллашон аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода мебаранд. Дар чунин замони ҳассос мушкилоту проблемаҳои аёни ҷомеаро ба манфиатҳои ҳизбиву гурўҳӣ сўиистифода кардан бешак популизми сиёсист.
Ислом дини муқаддас аст. Онро Худованд барои таҳаммулпазирӣ, покизагии ахлоқи муъминон, ваҳдати маънавӣ, тинҷиву оромии ҷомеа офаридааст ва ин рисолат набояд мавриди бозиҳои сиёсӣ, воситаи авомфиребии ҳизбе ва амалӣ сохтани ҳадафҳои муғризонаи гурўҳе бошад. Дини ислом бояд чун ҳама муқаддасот аз олудагиҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ҷаҳонҷўиву тоҷутахтталабӣ дур ва василаи ваҳдату муҳаббати аҳли ҷомеа боқӣ бимонад. Мо, аҳли адаб, «На бар онем, ки ислом нишинад бар тахт, мо бар онем, ки ислом саломат бошад».  

РАЁСАТИ  ИТТИФОҚИ  
НАВИСАНДАГОНИ  ТОҶИКИСТОН   

Июль 14, 2015 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад