Санҷиши 77 ширкат дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаш моҳи аввали соли 2015 аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар 77 ширкат амалиёти санҷишӣ гузаронида шуд.
Зимни санҷишҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ муайян шуд, ки дар ин ширкатҳо 2 684 шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар давраи гузаронидани санҷишҳо 4635 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин шуд. Дар натиҷа 692 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд, барои гирифтани иҷозат барои кор ба шуъбаи иҷозатномадиҳӣ фиристода шуданд. Онҳо асосан шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин, Русия, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Итолиё ва Қирғизистонанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






