Сардори Раёсати маориф: Барои қабули хонандагон ба синфи 1 санҷиш нагиред!

Июль 14, 2015 06:22

 Суғд,  14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Андар Раҳмонӣ).- Дар толори Раёсати маорифи вилояти Суғд ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи раёсат барпо гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи фаъолияти соҳаи маорифи вилоят дар  нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва  масъалаҳои  мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи ҳисоботи фаъолияти соҳа дар нимсолаи  якум  муовини сардори Раёсати маорифи вилоят  Сайфулло Раҳматов доир ба натиҷаи санҷиши  «Барномаи  рушди  соҳаи тарбияи томактабӣ  барои солҳои 2012-2020», «Низомномаи  намунавии  муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ дар  кӯдакистонҳои хусусӣ», «Барномаи давлатии  таъмини муассисаҳои  таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази  таълимӣ ва  илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2011-2015», «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру навсозии  мактабҳо барои солҳои  2008-2015» маълумот доданд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим  Каримзода диққати ҳозиринро ба беҳтар намудани ҳайати сифатии омӯзгорон дар соли нави таҳсил, пешниҳоди имтиёзҳои муқарраршуда ба омӯзгорони ҷавон, баҳодиҳии воқеӣ ба дониши хонандагон, пешниҳоди таклифҳо ба нақшаи нави таълим, омодагӣ ба соли нави таҳсил,  аттестатсияи  такрории хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, манъи санҷишҳо ҳангоми қабули хонандагон ба синфи якуми мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ғайр аз литсею гимназияҳо, таъмини хатмкунандагони   маҳфилҳои касбомӯзӣ бо сертификат, таъмини  мактаббачагон бо  либоси шинаму зебо ва нархи арзон  ҷалб намуд.

 

Июль 14, 2015 06:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст