Сардухтури ш. Панҷакент: «Ба ҳамкории номатлуби табибону доруфурӯшон роҳ намедиҳем»

Июль 25, 2015 04:11

Панҷакент, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо ширкати хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Сардухтури шаҳри Панҷакент Маҳмадмурод Сафаров дар мавриди фаъолияти шашмоҳа гузориш дода, гуфт, ки дар шаҳру деҳоти  Панҷакент аз шумораи умумии кормандони соҳаи тиб 374 нафараш духтур аст. Ба таъкиди сардухтур, ҳоло дар шаҳр 110 духтури оилавӣ, момодоя, духтури эҳёгар, силшинос ва табибони дигар ихтисосҳо намерасанд. 
Дар масъалаи «ҳамкорӣ» -и табибон бо баъзе дорухонаҳо, М. Сафаров бо нигаронӣ гуфт, ки дар шаҳр, мутаассисфона, чунин ҳолатҳои номатлуб ба назар мерасанд ва иброз намуд, ки: «Мо ин самтро назорат намуда, корҳои ислоҳотӣ гузаронида истодаем, пайваста ба табибон таъкид мекунем, ки ба чунин кори нангин даст назананд. Ҳатто чанд нафарро пас аз ошкор шудани чунин амалашон  муҳокима намуда, огоҳ кардем, ки дар сурати такрор шудани ин ҳолат нисбат ба онҳо чораҳои қатъӣ татбиқ мешаванд».   

 

Июль 25, 2015 04:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад