Саркардаи «Аҳрор-аш-Шам» Абу Абдол Раҳмон Салқин ба қатл расонида шуд

Июль 15, 2015 10:03

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар  қисми шимолу ғарбии Сурия яке аз саркардаҳои гурӯҳи террористии «Аҳрор-аш-Шам»  Абу Абдол Раҳмон Салқин ба қатл расонида шуд. Ин ҳодиса дирӯз, 14-уми июл дар наздикии шаҳри Салқин, минтақаи Идлиб рух додааст. Амали террористиро ду нафар террористи худкуш содир кардааст, ки дар паи он 7 ҷангии дигари гурӯҳи террористии «Аҳрор аш-Шам» низ кушта шудаанд. Гурӯҳи террористии номбурда яке аз ҳампаймонони пайравони  салафия  дониста мешавад, ки ба муқобили неруҳои миллии Сурия мубориза мебаранд. Тибқи хабарҳои нашргардида ба  ҳайати ин гурӯҳ, ки онро авфшудагони  соли 2011-уми маҳбаси Сурия  ташкил кардаанд, аз 10 то 20 ҳазор ҷангӣ шомил гардидаанд. 
 

 

Июль 15, 2015 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш