Сарвазири Юнон ба юнониҳо барои «интихоби ҷасуронаашон» сипосгузорӣ кард
Душанбе, 06.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири Юнон Алексис Сипрас натиҷаи раъйдиҳиро, ки дар он аксарияти сокинони кишвар зидди қабули шартҳои қарздиҳандагон овоз доданд, табрик гуфт. Тибқи ҳисоби варақаҳои овоздиҳӣ, бештар аз 60 фоизи юнониҳо зидди шартҳои қарздиҳандагон овоз доданд.
«Шумо бо назардошти вазъияти душвори имрӯзаамон роҳи интихоби басо ҷасуронаро пеш гирифтед», — суханони Сипрасро иқтибос меорад агентии Reuters.
«Ҳадафи имконияте, ки шумо барои ман фароҳам овардед, аз Аврупо дур шудан не, балки вусъат бахшидани вазъиятамон дар гуфтушунид аз рӯи масъалаи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли судманди мушкилот аст», — гуфт сарвазир.
Сипрас изҳор дошт, ки ҳукумати Юнон омодааст, худи рӯзи душанбе ба сари мизи гуфтушунид баргардад, ки дар он барқарор намудани низоми бонкӣ афзалият хоҳад дошт. Ба гуфтаи мавсуф, ин дафъа мушкилоти таҷдиди назари қарзи Юнон мавриди муҳокима қарор мегирад.
Сарвазири Юнон гуфт аз президенти кишвар Прокопис Павлопулос хоҳиш менамояд, ки мулоқоти роҳбарони ҳизбҳои сиёсиро ташкил намуда, вазъияти мавҷударо бо онҳо мавриди муҳокима қарор диҳад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






