Ш.Орумбекзода ба Ереван меравад

Июль 7, 2015 05:05

       Душанбе, 07.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Нақшаи чорабиниҳои марбут ба таҷлили 25 -умин солгарди таъсиси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ /ИДМ/ зимни баргузории ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои ИДМ, ки аз 10 то 12 июл дар Ереван -пойтахти Арманистон доир мегардад, аз ҷониби вазирони фарҳанги кишварҳои ИДМ баррасӣ мешавад.
    Аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Шамсиддин Орумбекзода-вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва Абдуғаффор Абдуҷабборов -сардори шуъбаи равобити байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  намояндагӣ менамоянд.
   Дар ҷаласа масоили марбут ба таҳкими ҳамкории  фарҳангӣ байни кишварҳои ИДМ, сиёсати давлатӣ дар бахши фарҳанг дар доираи ҳамкории фарҳангии кишварҳои ИДМ, чорабиниҳои асосии фарҳангии ИДМ барои солҳои 2016-2020, баррасии чорабиниҳое, ки ба ифтихори ҷашни 70 -солагии Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945) дар миқёси кишварҳои ИДМ гузаронида шудаанд, инчунин татбиқи барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» баррасӣ мегарданд.
    Интизор меравад, ки дар ҳошияи  ин ҷаласа дар Ереван конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Сиёсати фарҳангӣ, сиёсат барои  фарҳанг: Мақоми фарҳанг дар рушди устувор баъд аз соли 2015» баргузор гардад.     

 

Июль 7, 2015 05:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд