Шинохти ҷаҳон. Меҳмоннавозии тоҷикон: муъҷизаофарӣ дар сарҳад, меҳмонхонаи «Ленинобод» ва шабгузаронӣ дар осорхона

Июль 30, 2015 11:57

Душанбе, 30.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Муаллифи ТUТ. BV «Шинохти  ҷаҳон» Юрий Бирюков Аврупо, Осиё,  кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ  ва Африқоро  давр зада,  вале  ягон  бор  аз  хидматҳои  ширкатҳои  сайёҳӣ  истифода накардааст. Баъди  пайдо кардани  таҷрибаи  зарурӣ роҳбалади  хатсайрҳои  Ҳиндустон,  Непал, Тибет,  Шри — Ланка,  Осиёи Ҷанубу  Шарқӣ ва  Амрикои  Ҷанубӣ  гардид. Хатсайрҳоро  Юрий мустақилона  интихоб  мекунад. Вай  дар нашри  гузаштаи  лоиҳа  нақл   карда буд, ки   баъди  сафар  ба  Амрикои  Ҷанубӣ, Африқо ва  Осиё  дарк   намуд, ки   кишварҳои  меҳмоннавозтарин онҳоеанд, ки   дар   паҳлӯамон  қарор   доранд.
Тоҷикистон аз  нигоҳи  меҳмоннавозӣ   бароям  муъҷиза  гардид. Муъҷозот  аз  лаҳзае  оғоз  ёфт, ки  мо  шабонгаҳ  сарҳади  Ӯзбекистону  Тоҷикистонро  убур  мекардем. Роҳ  паймудан  сӯи  Душанбе дер  шуда буд ва  мо  қарор  додем, ки  хайма  занем. Муовини  сардори  гузаргоҳи  сарҳад аз  ин  нияти  мо  пай  бурда,  гуфт: ин  корро  накунед,   шумо  меҳмонед… Ӯ  ҳуҷрачаеро дар  шафати  гумруки Тоҷикистон бароямон  ёфта, пешниҳод  кард, ки шабро  дар он  рӯз  кунем. Баъд  борҳо  пешамон  меомаду   пурсон  мешуд, ки  ба  ягон  чиз   эҳтиёҷ  дорем. Тайёр  буд, ки  моро  хӯронаду  нӯшонад,  бо  мо  чақ- чақ  кунад,  вале  мо  рад  кардем — мехостем  хоб  равем.
Баъди  ин  воқеъа  мо  муддати  тӯлонӣ  дар  мавзӯи  сарҳади  Беларус  сухану  муҳобот мекардем. Тасаввур  кардан мушкил  аст, ки   сарҳадбонони  мо  хориҷиёни тасодуфиро  бо  чунин  меҳрубонию  меҳмоннавозӣ  қабул намоянд.
Дар  кӯҳсори  Тоҷикистон
Аҷаб  мардуманд! Рӯзи  дигар  дар  Душанбе   даҳҳо нафар  ба  мо  дасти  ёрӣ  дароз  мекарданд, бо  исрор   хоҳиш  мекарданд, ки рақами  телефонашонро нависем, то  дар  мавриди   зарурат  занг   занем. Дафтарчаи  ман  пур  аз  рақамҳои  душанбегиҳо  шуда буд, ҳис мекардем, ки   дар  мавриди   зарурат   онҳо  ҳама   корҳояшонро  партофта, ба  ёрии мо   меоянд. 
Даъват ба  як  пиёла чой дар  чойхонаи   шаҳри  Истаравшан
Ҳодисаи  басо  хотирмону   шавқовар  дар  шаҳри  Хуҷанд  рух  дод, ки  моро   омӯзгорони  донишгоҳ  тасодуфан  ба  он ҷо  бурда буданд. Мо  ба  Хуҷанд  рафтанӣ набудем, вале  онҳо  бисёр  мехостанд, ки  шаҳрашонро   ба  мо нишон  диҳанд ва  мо  ноилоҷ  розӣ  шудем.  Дар  меҳмонхонаи  калони «Ленинобод» ҷой  гирифтем, бехабар  аз он, ки  моро чӣ  интизор  аст. Дар  ошёнаи  якуми  меҳмонхона чор (!) толор  мавҷуд,  буд, ки  дар  ҳар  кадомаш  муттасил  маросимҳои  тӯи  арӯсӣ,  зодрӯзу ҷашнвораҳо ҷараён доштанд. Моро  аз меҳмонхона баромадан  намемонданд, дастамонро гирифта,  чун  меҳмонони  фахрӣ  ба толор  мебурданд ва  мо имкони рад карданро  надоштем. Ҳатто  субҳи  барвақт   натавонистем, ки аз  меҳмонхона  гурезем:  моро  доштанду  аз рӯи  анъанаи  тоҷикон  даъват  карданд, ки оши  наҳорро  бихӯрем.
Мо шабона дар  кӯҳҳои  Фон  бо  истифода  аз  фонусчаҳо  сӯи   хаймаҳоямон  мерафтем. Мӯйсафеди деҳа  сечархаи  кӯҳнаашро   оварда, бо  исрор  илтимос   кард, ки   моро  ба  маконамон  барад. Ба  қароргоҳамон  нарасида будем, ки  сечарха шикасту  мӯйсафед маҷбур   шуд, ки   шаби   дароз  онро  тела  карда,  ба деҳааш  пас   барад. Ин  мард  ҳам  ҳеҷ  намехост, ки  аз  мо  пул   гирад. 
Дар  Искандаркул, ки   бисёр  истироҳатгоҳҳои   пулакӣ  дорад,  одамони  нек   моро  дар  утоқи  бунгоҳи ҳавосанҷӣ  ҷой  доданд ва    зиёфат  карданд. 
Дар  Дарвоз  Муҳаммад  ном   навҷавони ронандаи  такси  аввал  аз  мо  пул   гирифту  баъд  аз  фикраш  гашт: моро  ба  хонааш  бурд, ки  бо  аҳли оилаи  калон ва хешовандонаш шинос  кунад. Ӯ моро  ба хӯроки  шом   даъват  кард ва  пешниҳод   намуд, ки шабро  дар  хонааш  рӯз  кунем. 
Ёддоштҳои неки  ман  аз Тоҷикистон, хусусан  бо  як  инсон — директори   осорхона — қалъаи «Хулбук» Абдуллоҷон Хоҷаев робитаи  зич  доранд. Мо  ба Қурбоншаҳид  омадем, ки   шабро   дар  ягон ҷойи  наздик   ба  қалъаи  машҳури  Хулбуки  қарнҳои 1Х-Х1  рӯз кунем. Ронандаамон  дарвозаи   осорхонаро  тақ — тақ карду  қаровули  хобрафтаро  ҷеғ  зад.  Қаровул  аз  сайёҳ  буданамон бохабар   шуда,   дарро   кушоду  моро  дар  фарши  осорхона  байни  нигораҳои қадима  ҷой  дод ва  огоҳ  кард, ки  саҳарӣ  барвақт  пеш  аз  омадани   директор аз хоб  хезем. Пагоҳӣ бо  хабаре   бедор  шудем, ки  директор  аллакай  омадааст. Диламон ба  қаровул  сӯхт:  гумон  кардем, ки  роҳбар  ӯро  сарзаниш мекунад. Вақте субҳи  барвақт дастархони оростаро дидем, ки директор  дар  канори  он интизори  мост, дар  ҳайрат  мондем.
Хоҷаев  инсони  басо  меҳрубону  чеҳрахандон  будааст. Ӯ  дастранҷи  худ — толорҳои   осорхонаро, ки  тайи  солҳои  зиёде онро  зебу зинат   додааст, ҳамчунин   худи  қалъаро  ба мо  нишон  доду  барои  чипта  пул нагирифт. Баръакс, таксиро  ҷеғ зада,  пули роҳкиро то  нуқтаи ояндаро  ба ронанда дод. Вақте  мо  гуфтем, ки пули  роҳкироро  худамон   медиҳем,  ӯ  қариб  буд, ки  аз  мо  малол  шавад. Росташро  гӯям, вақте ки дар  такси  мерафтем  вуҷудамро  меҳру  муҳаббати  бепоёне  фаро гирифт, ки  аз  таъсири  он  қариб  буд  гирён шавам.   Аз  ин  пеш  бо  ин  қадар  лутфу  каромати  шахси   бегона  вонахӯрда  будам.   Шиносоӣ бо ин қабил  одамон бовариро ба  инсоният  афзун мекунад.
Мо боз дар  мавзӯи   осорхонаҳои  Беларус   сухан  кардем. Тасаввур   кардан  мушкил  аст, ки  дар  ин  ҷо  хориҷии  шабомадаро  дар  байни  нигораҳои  осорхона ҷой  кунанд ва  субҳи барвақт  нонушта  диҳанд.
Тоҷикистон кишвари басо  инсондӯсту  меҳмоннавоз аст. Тавре, ки  ин  ҷо  мегӯянд: «Мулки  Худо  танг  нест, пойи  гадо  ланг  нест». Аксаран  меҳмоннавозии тоҷиконро  бо  меҳрубонии эрониҳо қиёс  мекунанд. Ман  дар  Эрон   набудам, вале   ба гуфтаи  дӯстоне, ки   ба  ин   кишвар   сафар   кардаанд,   дар   он  ҷо  сайёҳонро  ҳамин  хел  мепазиранд.
Одамони  хуб  дар  ҳар   кишвар  ҳастанд,  дар  ҳар  кишвар ҳолатҳои накукории   мардуми ношинос  ба  назар  расидаанд,  вале  чунин  накукориҳо  дар  ягон ҷой  ин  қадар   зиёд   нестанд,  ки дар  Тоҷикистону Арманистон  ҳастанд. Шояд хонанда  бигӯяд, ки  сабаби  чунин  муносибати  хуб  дар кишварҳои  собиқ  ИҶШС  он  аст, ки  мо  ба  забони русӣ  ҳарф   мезанему  то  андозае  то  ҳол  барои онҳо «худӣ»  ҳастем. Ва  боз — мо белорусем. Белорусҳоро  дар  ҳама ҷо  дӯст  доранд — ин  назаррас   аст.
Дар  хақиқат,  мо  аксар  вақт  бо  пиронсолоне   вохӯрдаем, ки   гузаштаи  шӯравиро бо ҳасрат ёд  мекунанд ва дар  ҳақиқат   нисбат  ба хориҷиҳои   дигар  ҳанӯз  ҳам «худӣ» ҳастем. Вале  меҳмоннавозии  ҷавононеро, ки   баъди бозсозӣ  ба  камол  расидаанду  бо  душворӣ  ба забони  русӣ  ҳарф  мезананд,  чӣ  хел  маънидод  кунем?  Кас  ба  фикре   меояд, ки   ҳар  чӣ   бошад ҳам  меҳмоннавозии онҳо  сифатест, ки  аз  овони  кӯдакӣ  дар  ҳуввият  ва  фарҳангу  анъаноташон амиқ ҷой   гирифтааст.
Манбаъ: http://news.tut.by

 

Июль 30, 2015 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад