Шиносоии Сарвари давлат бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ВМКБ ва мулоқот бо фаъолон

Июль 31, 2015 04:39

Душанбе, 31.07.2015, (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 4-уми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 31-уми июл дар шаҳри Хоруғ аз шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз ёфт.

Баъди истиқболи самимӣ дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои миллиро тамошо кард.

Намояндагони ҳамаи ноҳияҳои вилоят намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои корхонаҳои саноатӣ, соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, маводҳои ороиширо аз сангҳои қимматбаҳо ба маъраз гузоштанд.

Гушаҳои алоҳидаи намоишгоҳ махсус ба ҳунарҳои қадимаи мардуми кӯҳистони Бадахшон бахшида шуда буд, ки дар он аз сангҳои ороишӣ сар карда, то таомҳои миллӣ, сару либос ва асбобоҳои мусиқию гиёҳҳои шифобахш пешкаш гардид.

Ҳамчунин дар гӯшаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар тариқи расму харитаҳо марказҳои фароғатӣ, таърихӣ, истироҳатгоҳҳо, чашмаҳои шифобахш, гулгашту хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳои тамошобоб ба намоиш гузошта шуд.

Зимни шиносоӣ бо дастовардҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, бо сифати баланд истеҳсол ва ба хориҷ содирот кардани меваҷот, обҳову гиёҳҳои шифобахш, бастабандии гиёҳҳо, тараққӣ додани соҳаи мурғпарварӣ, қутоспарварӣ, моҳипарварӣ, афзоиши саршумори бузҳои ангорӣ барои истеҳсоли пашму ришта ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди бахши занбуриасалпарварӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

Дар намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят супориш дод, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон бояд тамоми шароит муҳайё карда шавад, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ аз сангҳои қимматбаҳо, омода кардани ҳамаи маводҳои иттилоотонӣ бо забонҳои хориҷӣ, тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба барои қабули меҳмонон аз кишварҳои хориҷ.

Дар рафти шиносоӣ аз намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари дасти бонуҳои чирадаст, баромади ҳунармандон аз ансамблҳои оилавӣ,  дӯзандагони моҳир ва қолинбофон баҳои баланд дод.

Дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои бахшҳои хоҷагии халқ бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мулоқот кард.

Июль 31, 2015 04:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд