Ширкатҳои суғдӣ 100 нафар муҳоҷирро ба ФР интиқол доданд
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ширкатҳои суғдӣ 100 нафар муҳоҷирро ба ФР интиқол доданд. Аз ҷумла, ҶДММ “Суғдиён-Помир Тур” 22 сокини ноҳияи Мастчоҳро ба шаҳрҳои Сургут ва Ханти- Мансийск, 8 сокини шаҳри Конибодомро ба шаҳри Самара гуселонид. Тибқи нақша онҳо дар Федератсияи Русия ба муҳлати 7-8 моҳ ба корҳои мавсимӣ машғул мешаванд.
Ҳамзамон ҶДММ “Шоҳроҳи Абрешим” 26 сокини минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро ба вилояти Тюмен гусел намуд. Муҳлати будубоши онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст. Дар ин радиф аз ҷониби ҶДММ “Сомонэкспрестранс” 71 сокини ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров ба шаҳрҳои Тюмен ва Нефтюганск сафарбар гардид.
Ҳангоми гусели шаҳрвандон намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни сафарбаршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, китобчаҳо ва маводи ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






