Ширкатҳои суғдӣ 100 нафар муҳоҷирро ба ФР интиқол доданд

Июль 6, 2015 04:46

Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ширкатҳои суғдӣ 100 нафар муҳоҷирро ба ФР интиқол доданд. Аз ҷумла, ҶДММ “Суғдиён-Помир Тур” 22   сокини ноҳияи Мастчоҳро ба шаҳрҳои Сургут ва Ханти- Мансийск, 8 сокини шаҳри Конибодомро ба шаҳри Самара гуселонид. Тибқи нақша онҳо дар Федератсияи Русия ба муҳлати 7-8 моҳ ба корҳои мавсимӣ машғул мешаванд. 
Ҳамзамон ҶДММ “Шоҳроҳи Абрешим” 26  сокини минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро ба вилояти Тюмен гусел намуд. Муҳлати будубоши онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст. Дар ин радиф аз ҷониби ҶДММ “Сомонэкспрестранс” 71 сокини ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров ба шаҳрҳои Тюмен ва Нефтюганск сафарбар гардид.
Ҳангоми гусели шаҳрвандон намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни сафарбаршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, китобчаҳо ва маводи ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуданд. 

Июль 6, 2015 04:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст