«Шоҳроҳи Ваҳдат- 2015»-таҳкимбахши ваҳдату дӯстии ҷавонон
Душанбе, 01.07. 2015. (АМИТ “Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Маротибаи сеюм аст, ки бо ибтикори дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва нашрияи «Вечёрка» роҳпаймоии мошинронии ҷавонон таҳти унвони «Шоҳроҳи Вахдат» дар рӯзҳои таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мешавад. 26 июни соли равон корвони мошинҳои «Шоҳроҳи Ваҳдат 2015», ки аз шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то ноҳияи Ҷиргатол идома ёфт, аз шаҳри Душанбе ба навоҳии минтақаи Рашт равона гардид. Дар он 40 адад мошини сабукрав бо 150 нафар ҷавон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуд. Корвони мошинҳо нахуст аз шаҳри Роғун дидан намуд.
Раиси шаҳри Роғун иштирокчиёнро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иқдоми пешгирифтаро неку зарурӣ арзёбӣ намуд.
Директори техникии НБО «Роғун» ҷавононро бо фаъолияти сохтмончиён ва корнамоиву дастовардҳои онҳо шинос кард. Иштирокчиёни «Шоҳроҳи Вадҳат- 2015» аз қитъаи якуми сохтмони НБО «Роғун» дидан намуда, ба иншооти рақами яки кишвар- НБО Роғун бо таваҷҷуҳи хосса нигариста, оид ба паҳлӯҳои гуногуни илмию техникии он маълумот гирифтанд.
Нимаи дуюми рӯз иштирокчиёни роҳпаймоиро ҷавонони ноҳияи Нуробод ва Рашт бо шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд.
Дар ноҳияи Рашт ҷавонон дар пояи нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум гулчанбар ниҳода, эҳтироми ин фарзанди фарзонаи миллатро ба ҷо оварданд.
Хайрамақдами раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо ва пешвози ҷавонон дар даромадгоҳи ноҳия, боздид ва супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюби ноҳия дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Рашт қисме аз ҷараёни баргузории роҳпаймоӣ буд.
Дар рӯзи дуюми роҳпаймоӣ, ки ба рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ рост омад, иштирокчиёни ҳайати роҳпаймоии ҷавонон ба ноҳияи Тоҷикобод рафтанд. Ҷавононро раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир, фаъолону ҷавонони ноҳия ва дигар ашхоси расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ҷавонон дар чорабиниҳои расмӣ ва фарҳангии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок намуданд.
Дар қисми расмии ҷашн раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн ва раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Раҳмонзода Абдулло сокинони ноҳияро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик карда, ба фаъолони ноҳия аз ҷониби ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ Ҳунарманди хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Аловиддин Абдуллоев ширкат варзида, бо ҳазлу шухиҳои худ хотири ҷавонон ва сокинони ноҳияро болида намуд. Ҳунармандони ноҳия бо суруди таронаҳои дилангез шукуҳи ҷашни ваҳдатро афзун гардониданд. Ҳамчунин бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикиобод хатнасури 12 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоати ноҳия доир шуд. Ба кӯдакон аз ҷониби раиси ноҳия, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод туҳфаҳои хотирав тақдим шуданд.
Сипас байни дастаи иштирокчиёни роҳпаймоӣ ва дастаи мунтахаби ноҳияи Тоҷикобод футболи рафиқона барои дарёфти Ҷоми «Шоҳроҳи Ваҳдат- 2015» доир шуд. Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони ноҳияи Тоҷикобод ғолиб омада, ҷоми «Шоҳроҳи ваҳдат -2015 аз тарафи ташкилкунандагон ба онҳо тақдим шуд.
Ҷавонони иштирокчии роҳпаймоӣ бо сокинон, бахусус ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод якҷоя иди Ваҳдати миллиро дар руҳияи тинҷию амонӣ ва шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намуданд.
Баъдан ҷавонон меҳмони сокинони ноҳияи Ҷиргатол гардиданд. Дар даромадгоҳи ноҳия иштирокчиёнро раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, фаъолону ҷавонон, варзишгарону аҳли фарҳанги ин ноҳия бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Тавре ки маълум аст, дар ноҳияи Ҷиргатол тоҷикону қирғизҳо- ду миллати ба ҳам дӯст зиндагӣ менамоянд. Ба иштирокчиён аз ҷониби ҷавонони қирғиз рақсу сурудҳои миллии тоҷикию қирғизӣ намоиш дода шуд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд. Сипас иштирокчиён аз намоишгоҳи дастовардҳо, анъанаву суннатҳои миллии соқинони ноҳия дидан намуданд. Ҳамчунин ба якчанд ҷуфти арӯсу домод, ки тӯи хонадоршавиашон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли оила таҷлил гардид, шаҳодатномаҳои ақди никоҳ тақдим шуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҷашни ваҳдати ноҳияи Ҷиргатол муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат намуданд.
Муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон тамоми сокинони ноҳияро аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» табрик намуда, барои пазироии самимонаашон изҳори ташаккур намуд. Қайд гардид, ки маҳз ҷавонон амаликунандаи ормонҳои миллат, пайвандгари тамоми қисматҳои кишвари азиз ва созандагони фардои неки Ватан мебошанд.
Аз ҷониби ташкилкунандагони роҳпаймоӣ ба раиси ноҳияи Ҷиргатол ва раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ диплом ва либосу кулоҳи рамзии роҳпаймоӣ тақдим шуд.
Сипас аз ҷониби ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ҳунарманди ҷавон – репсарои машҳури тоҷик Мастер Исмайл, ки иштирокчии фаъоли роҳпаймоӣ буд, якчанд суруду таронаҳои дилангез пешкаш шуданд.
Шомгоҳ аз ҷониби иштирокчиён бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ якчанд чароғаки осмонӣ ҳамчун рамзи озодиву шукуфоии Тоҷикистон ба ҳаво сар дода шуд.
Субҳи 28 июн иштирокчиён дар бозгашт аз ноҳияи Нуробод дидан намуда, бо раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан ва ҷавонони фаъоли ноҳия мулоқот намуданд. Суҳбату мулоқот дар руҳияи баланди меҳмоннавозӣ сурат гирифт.
Ҳамин тавр, навбати сеюми роҳпаймоии ҷавонон «Шоҳроҳи Ваҳдат 2015», ки ду навбати он дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд ва Душанбе- Кӯлоб солҳои қаблӣ баргузор гардида буд, бо як ҷаҳон таассуроти хотирмону фаромӯшнашаванда аз минтақаи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ дар сар то сари кишвар, мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони манотиқи ҷумҳурӣ, огоҳӣ аз таъриху фарҳанг, анъанаҳову дастовардҳои сокинони шаҳру ноҳияҳо буда, минбаъд низ онҳо баргузор мешаванд.