Шумораи фавтидагони таркиш дар рӯзи Иди Рамазон дар Ироқ аз 100 нафар гузашт

Июль 18, 2015 06:45

Душанбе, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шумораи фавтидагони бозори шаҳри Бани — Саади шарқи Ироқ аз 100 нафар гузашт. Дар ин бора бо такя ба полис Рейтер иттилоъ медиҳад.
Дар автомашинаи таркида 3 тонна маводи тарканда ҷой карда шуда буд. Ҳодисаи мазкур ҳангоми ба бозор омадани одамон барои таҷлили Иди Рамазон ба амал омад. Таркишро ДИИШ бар уҳда гирифтааст. Чанде пеш иттилоъ дода буданд, ки шумораи фавтидагон 80 нафарро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

 

Июль 18, 2015 06:45

Хабарҳои дигари ин бахш