Силоҳбадастон дар вилояти Ҳилманд қурбони минаҳои худ шуданд

Июль 6, 2015 03:54

Душанбе, 06.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ҳудуди  вилояти  Ҳилманди  Афғонистон 7  нафар  силоҳбадастоне, ки мехостанд ба қитъаи  роҳ   асбоби тарканда  гузоранд, бар  асари таркиши  минаҳои  худ  ҳалок  гардиданд.
Мувофиқи  маълумоти  кормандони  қувваҳои амниятӣ, ин  ҳодиса дар  вулусволии Навзод рух дод. Шӯришгарон  роҳро минагузорӣ  карданӣ  буданд,  вале қурбони  аслиҳаи  худ  гардиданд. 
Ба  иттилои  шабакаи  телевизионии «Ориёно — ТВ», дар  вилояти  Зобул ҳодисаи  дигаре  бо иштироки  силоҳбадастон  сар  зад. Қумондони  маҳаллии  толибон  мавсум  ба мулло  Салим мехост,  ки дар  вулусволии  Мизон   хона  созад, вале сокинони  маҳаллӣ  ба  ин иҷозат  надоданд. Толибон дар  ҷавоби  ин оташ  кушоданд, ки бар  асари он 1  нафар  ҳалок  гардида,  4  нафари  дигар  захм  бардоштанд. 
Ба  гуфтаи намояндаи  пулиси  маҳаллӣ  Фавод  Аскарӣ, осебдидагон барои  расонидани  ёрии  зарурии  тиббӣ ба  беморхонаи шаҳри  Қандаҳор  бурда шуданд.

 

Июль 6, 2015 03:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст