Силоҳбадастони ДИ дар Палмира боз шаш муҷассамаро нест карданд

Июль 3, 2015 06:58

Душанбе, 03.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Шаҳри  Палмира, ки  димнаҳои қадимии  он — яке  аз  шаш иншооти  осори  умумиҷаҳонии  ЮНЕСКО  дар  Сурия  ба шумор  мераванд, дар  нимаи  моҳи  май  таҳти назорати силоҳбадастон қарор  гирифта  буд. Артиши  Сурия пеш  аз  тарк  намудани  шаҳр қисми  зиёди  сокинони онро ба  ҷойҳои  дигар  кӯчонд. 
Силоҳбадастони  гурӯҳи «Давлати  исломӣ» дар  шаҳри  забтшудаи Палмира камаш шаш  муҷассамаи  қадимаро  нест  карданд. 
Ширкати телевизионӣ ва  радиои  Би — би — сии  Британия  зимни  истинод ба  раиси  раёсати осори атиқа ва осорхонаҳои  Сурия  Маъмун  Абдулкарим хабар  медиҳад, ки  силоҳбадастон ҳайкали  шери  маъруф  ба «Шери  Аллат» (олиҳаи осмону  борони Арабистони  қадимӣ) — ро, ки  ду  ҳазор  сол  муқаддам офарида шуда буд,  нест  карданд. Абдулкарим  нобуд  сохтани  ин  муҷассамаро  «ҷинояти ҷиддитарини  зидди осори  шаҳри  Палмира» қаламдод  кард. Шаҳри  Палмира, ки  обидаҳои қадимии  он яке  аз  шаш иншооти   осори  умумиҷаҳонии  ЮНЕСКО дар  Сурия  ба  шумор  меравад,  миёнаи  моҳи  май  таҳти назорати силоҳбадастон қарор  гирифта  буд. Артиши  Сурия пеш  аз  тарк  намудани  шаҳр қисми  зиёди  сокинони он, қариб 11  ҳазор нафар ҷинояткорони ҳарбию  сиёсӣ  ва  нигораҳои пурқимати таърихии осорхонаи  марказии  шаҳри  Палмираро  ба ҷойҳои дигар бурда буд. 
Силоҳбадастони «Давлати  исломӣ» аз  оғози  бӯҳрон  қариб  750 иншоотҳои осори  фарҳангии қаламрави  Сурияро  ғорат  ва  нест  карданд. Террористон  дар  Ироқ  шаҳри  Бостонии Дур — Шарруқин,  воқеъ  дар  шимоли  кишварро  низ  пурра ба  хок  яксон  карданд. Дар шаҳри  Мосули  Ироқ ҳайкалу муҷассамаҳое, ки таърихи  беш  аз  се  ҳазорсола доранд, нобуд  карда шудаанд.

 

Июль 3, 2015 06:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид