Сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар таҳияи нав фаъол гардид
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бо мақсади танзим намудани робитаи хизматии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷомеа, инчунин ба таври васеъ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ тавсеа бахшидани таблиғоти сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сомонаи расмии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барномасозӣ гардида, дар таҳияи нав бо суроғаи www.youth.tj ба фаъолият оғоз кард.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сомонаи нави Кумита бо талаботи замони муосир мувофиқ карда шуда, фарогири хабарҳои рӯзмарра аз фаъолияти кумита мебошад. Бо фарқ аз сомонаи қаблӣ сомонаи нави кумита рӯйдодҳои соҳаро дар ҳар се самт: ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мунъакис сохта, дар ин баробар назару андешаҳои ҷавонон, мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва коршиносону собиқадорони варзишро дар худ ҷой медиҳад.
Вобаста ба талаботи замони муосир ва муҳимияти фаъолияти соҳа рубрикаҳои сомона низ таҷдид гардидаанд.
Сомонаи нав аз рубрикаҳои “Асосӣ”, “Ҷавонон”, “Варзиш”, “Сайёҳӣ”, “Сиёсат ва ҷавонон”, “Иқтисодиёт ва ҷавонон”, “Фарҳанг ва ҷавонон”, “Дар бораи мо” ва “Тамос” иборат буда, ҳар кадом дар худ маводи вобаста ба соҳаро гирд овардаанд.
Дар қисмати марказии сомона зери рубрикаи “Мавзӯи рӯз” матолиби муҳим ва асосӣ, аз поёни он зери рубрикаи “Анонс” эълони озмуну мусобиқа ва чемпионатҳои дохилию байналмилалӣ, ки кумита ба нақша гирифтааст, ҷой дода мешаванд.
Қисмати рости сомонаро рубрикаҳои “Президент ва ҷавонон”, “Хабарҳо”, “Заминаҳои ҳуқуқӣ” ва “Наворҳо” оро дода, инчунин дар ин ҷо назарпурсӣ ва тақвим ҷой гирифтааст.
Бо назардошти пешрафти технологияи муосир ва ҷолибу таъсирбахш инъикос сохтани чорабиниҳо дар қисмати поёни сомона суратнигор ва наворҳои бидуни таҳрир ҷой дода шудаанд.
Сомонаи нави Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар айни замон бо забони тоҷикӣ хабарҳоро пахш намуда, дар ояндаи наздик фаъол гардидани бахши русӣ ва англисии он дар назар аст.
Ҳамзамон сомонаи дигари Кумита www.visittajikistan.tj, ки асосан хабарҳои соҳаи сайёҳиро инъикос мекунад, рӯзҳои наздик дар шакли нав фаъол мегардад.
Ёдрас мешавем, навсозии сомонаи расмии кумита дар асоси фармоиши нави раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода “Оид ба фаъолияти Кумита дар соҳаи танзими робита бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати таблиғи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ”, ки аз 31 марти соли 2015 ба тавсиб расидааст, сурат гирифт, ки минбаъд робитаи кумитаро бо ҷомеа боз ҳам мустаҳкам менамояд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






